ЛИБОС-НИШОН АЗ ФАРҲАНГ. Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд маҳфил баргузор шуд

Октябрь 17, 2023 15:00

ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҳфили навбатии «Ҷамъи хубон» таҳти унвони «Либос нишон аз фарҳанг аст» бо иштироки васеи устодону донишҷӯён баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.

Ҳадафи маҳфил аз татбиқи «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ», тарғиби фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву меҳанпарварӣ иборат буд.

Гуфта шуд, ки либоси миллӣ муаррифи фарҳанги ҳар халқу миллати мутамаддин маҳсуб шуда, эҳтирому арҷгузорӣ ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи худшиносиву худогоҳӣ ва риояи он дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши муҳим мебозад.

Нигоҳ доштани ҳувияти фарҳангӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо басо муҳим маънидод шуда, он яке аз воситаҳои муассири муаррифии миллат ҳисобида шуд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров

Октябрь 17, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд