ЛОИҲАҲОИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар Тоҷикистон 82 лоиҳа ба маблағи 49,1 млрд сомонӣ мавриди амал қарор дорад

Октябрь 9, 2023 15:10

ДУШАНБЕ, 09.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 сентябри соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 82 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор дорад. Аз ин шумора 50 лоиҳа грантӣ, 4 лоиҳа қарзӣ ва 28 лоиҳаи дигар дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант татбиқ мегардад. Маблағи умумии лоиҳаҳои татбиқшаванда 49,1 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Вале дар ин давра тақвият бахшидани бахшҳои иқтисодӣ бе сармоягузорӣ ғайриимкон буд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муаррифии имконияти сармоягузорӣ дар арсаи байналмилалӣ манбаъҳои маблағгузориро ба иқтисодиёти миллӣ пайдо намуда, ҳамкориро бо созмону ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба роҳ монд. Маҳз бо шарофати истиқлолият ва кӯшишҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми бахшу соҳаҳои иқтисодиёт лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҷалб гардида, мавриди амал қарор гирифтанд.

Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба ободиву пешрафт ва корҳои созандагию бунёдӣ равона шуда, дар ин замина симои шаҳраку деҳот ва инфрасохтори роҳу нақлиёт комилан дигар шуд. Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои грантӣ 33,0 млрд сомонӣ ё 67,1 фисад, маблағҳои қарзӣ 14,6 млрд сомонӣ ё 29,7 дарсад, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,3 млрд сомонӣ ё 2,6 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоаҳо ва ғайра 62,2 млн сомонӣ ё 0,1 фисадро ташкил медиҳад.

Дар оғози татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 21,4 млрд сомонӣ (1,97 млрд доллар) маблағҳо барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз худ гардидаанд. Манбаъҳои маблағгузории лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз инҳо иборат мебошанд: Бонки ҷаҳонӣ — 1 млрд. 568,8 млн. доллар ё 35 фисад, Бонки Осиёии Рушд – 1 млрд. 089, 2 млн. доллар ё 24 дарсад, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд – 599,2 млн. доллар ё 13,0 фоиз, Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин – 205 млн.доллар ё 4,5 дарсад, Бонки исломии рушд – 175,6 млн. доллар ё 4,0 фисад, Бонки олмонии рушд – 159,7 млн. доллар ё 3,5 фоиз, Бонки аврупоии сармоягузорӣ – 154,8 млн. доллар ё 3,4 фисад, Фонди саудии рушд – 90,0 млн. доллар ё 2,0 дарсад, Фонди ОПЕК ё давлатҳои истеҳсолкунандаи нафт- 72,0 млн. доллар ё 1,6 фоиз, Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ – 60,0 млн. доллар ё 1,3 дарсад, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ – 69,8 млн. доллар ё 1,5 фисад, Ҳукумати Ҷопон – 42,8 млн.доллар ё 1,0 фоиз, Иттиҳоди Аврупо 33,0 млн.доллар ё 0,7 фисад, Фонди Кувейтии рушди иқтисодӣ – 25,5 млн. доллар ё 0,5 дарсад, Ҳукумати Швейтсария – 14,4 млн. доллар ё 0,3 фоиз, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон – 5,5 млн. доллар ё 0,1 фисад, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – 120 млн. доллар ё 2,6 дарсад ва дигар сарчашмаҳо 5,7 млн. доллар ё 0,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 сентябри соли 2023 дар доираи лоиҳаҳои амамлкунанда 4 млрд. 186,7 млн. сомонӣ (320,0 млн. доллар) аз худ шудааст, ки ин дар маҷмуъ ба 103 фисади нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, дар соҳаи энергетика, ки 17 лоиҳа татбиқ мешавад 1 млрд.013,8 млн. сомонӣ, нақлиёт- 14 лоиҳа ба маблағи 1 млрд. 754,6 млн. сомонӣ, тандурустӣ- 9 лоиҳа ба маблағи 313,4 млн. сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ дар доираи 13 лоиҳа ба маблағи 274 млн. сомонӣ, кишоварзӣ- 3 лоиҳа ба маблағи 122,7 млн. сомонӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулода дар доираи 8 лоиҳа ба маблағи 107,4 млн. сомонӣ, маориф 6 лоиҳа ба маблағи 201,6 млн. сомонӣ, обёрӣ- 4 лоиҳа ба маблағи 105,2 млн.сомонӣ, дигар соҳаҳо, аз ҷумла гумрук, молия, сайёҳӣ ва ғайра дар доираи 8 лоиҳа ба маблағи 290, 4 млн. сомонӣ аз худ шудаанд.

Соли 2023 якчанд созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки соҳаҳои гуногунро фаро мегиранд. Аз ҷумла дар соҳаи маориф Лоиҳаи муҳити омӯзиш – пойдевори таҳсилоти босифат дар Тоҷикистон ба маблағи 50,0 млн. доллар, дар соҳаи тандурустӣ Лоиҳаи модернизатсияи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ ба маблағи 37,5 млн. доллар, дар соҳаи кишоварзӣ маблағгузории иловагии Лоиҳаи баланд бардоштани устувории кишоварзӣ ба маблағи 50,0 млн. доллар, дар соҳаи энергетика пардохт барои омодасозии Лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи офтобии хусусӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 1,5 млн. доллар, маблағгузории Лоиҳаи НБО-и «Роғун» дар ҳаҷми 15,0 млн. доллар, инчунин таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе ба маблағи 2,5 млн. доллар, дар соҳаи нақлиёт навсозии системаи аэронавигатсионӣ ба маблағи 2,1 млн. доллар ва дар самти идоракунии ҳокимияти давлатӣ Лоиҳаи дастгирии сиёсати рушди босубот ва устувори Тоҷикистон ба маблағи 50,0 млн. доллар ба имзо расид. Маблағи умумии созишномаҳо 208,6 млн. доллари Америкаро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳо дар асоси грантҳо, қарзҳо ва кумакҳои техникии Бонки ҷаҳонӣ ва фонди мақсадноки Хазинаи глобалии маблағгузорӣ, инчунин гранти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд амалӣ мегарданд.

Дар маҷмуъ, дар ҳашт моҳи соли 2023 барои амалисозии 8 лоиҳаи давлатии сармоягузории гуфташуда бо шарикони рушд 9 созишномаи нави қарзию грантӣ ва кумаки техникӣ ба маблағи 208,6 млн. доллар ба имзо расонида шудааст, ки аз он 206,5 млн. доллар ё 99 дарсади онро маблағҳои грантӣ ва 2,1 млн. доллар ё 1,0 фисадашро маблағҳои қарзӣ ташкил медиҳанд.

Аз ҷумла, созишнома ба маблағи 204,0 млн. доллар бо Бонки ҷаҳонӣ ва 2 созишнома ба маблағи 4,6 млн. доллар бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 9, 2023 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё иштирок намуд
Дар Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» баррасӣ гардид
Дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахтаро 90 фоиз иҷро намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар Амрико иштирок намуд
Дар ҷаласаи машваратии мудирони Хазинаи байналмилалии асъор шарҳи вазъи монетарии минтақа пешниҳод гардид
Алӣ Ғиёсуддин Муҳаммад: «Тоҷикистон имкон дорад бо истифода аз захираҳои табиӣ ба яке аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил гардад»
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Швейтсария тақвият медиҳад
АСАЛ ДАВОИ ДАРД. Имрӯз дар Душанбе «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад