«ЛУҒАТДОНИ БЕҲТАРИН». Дар шаҳри Норак даври вилоятии озмун баргузор шуд

Октябрь 22, 2023 09:35

ДУШАНБЕ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-и шаҳри Норак даври вилоятии озмуни «Луғатдони беҳтарин» аз фанни забони англисӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.

Озмун ба васеъ намудани донишу фаҳмиш, забондонӣ ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии наврасон мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки озмуни вилоятии «Луғатдони беҳтарин» бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар соли таҳсили 2022-2023 ташкил гардида, соли дуюм аст, ки баргузор мешавад.

олибони озмун муайян гардида, бо Ифтихорнома ва мукофот қадрдонӣ мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз 13 сентябри соли 2022  омӯзиш ва аз ёд намудани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ барои омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-11), устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм ҳатмӣ дониста шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Октябрь 22, 2023 09:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд