МАН МОДАРАМ, ХОҲАРАМ, ВАТАНАМРО ҲИМОЯ МЕКУНАМ! Дар Истаравшан баъди «кулчагазон» наваскаронро ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
СУҒД, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар/. 2 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан маросими ҷалби наваскарони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан.
Дар ҳамоиш Раиси шаҳри Истаравшан, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, даъватшудагони ихтиёрӣ ва волидайни онҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, собиқадорон, фаъолон ва роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳр иштирок намуданд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар шароити сулҳу субот ва оромиву осмони мусаффои мамлакат ҷавонон бо пайравӣ ба падарону бобоёни шуҳратёри худ, бо амри дил ва ҳисси ватандӯстона ихтиёран ба сафҳои Артиши миллӣ ҳамроҳ мешаванд.
-Ба наваскароне, ки имрӯз бо хоҳиши худ ба сафи мактаби мардонагӣ- Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб гардидаанд, дар адои ин рисолати пуршараф ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар ҳифзи Ватани азиз барору комёбиҳо орзу менамоем,–изҳор дошт Раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода.
Сипас, ба як зумра даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим шуд.Наваскарон таъкид намуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои онҳо маънои ҳифзи модар, хоҳар ва Ватанро дорад.
Дар фарҷом чун анъана маросими нонгазонии модарон ба ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ равонашуда доир гардида, баҳри болидахотирии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи рангини фарҳангиву фароғатӣ ва дастурхони идона пешкаш гардид.
АКС: дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан













«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






