Муассисаҳои таълимии ноҳияи Роштқалъа ба мавсими зимистон омода гардидаанд

Октябрь 22, 2023 15:00

ХОРУҒ, 22.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 ба номи Ширин Бунёд дар ноҳияи Роштқалъа  аз аввали фасли тобистон ба фасли зимистон омодагӣ дида, дару тирезаҳоро таъмир ва маводи кофии  сӯзишвориро дар анбор захира намуданд.

Директори ин муассисаи таълимӣ Ҳокимшо Хиромонов ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан гуфт, ки «зимистони манотиқи кӯҳистон сарду сербориш ва назар ба дигар минтақаҳои мамлакат тӯлонитар аст. Илова бар ин ангиштсанг аз ноҳияҳои тобеи марказ интиқол дода мешавад, ки муҳлати бештарро тақозо менамояд. Аз ин рӯ омодагӣ ба ин фасли сол барвақт оғоз ёфта, то охири моҳи октябр идома меёбад. Мутобиқи меъёри қабулшуда барои гарм намудани як синфхона дар як рӯз 12 килограмм ангиштсанг сарф мешавад. Ҳоло дар анборхона қариб 310 тонна ангиштсанг ва 45 метри кубӣ ҳезум захира шудааст,        ки барои паси сар намудани фасли сармо кофӣ мебошад».

Корманди масъули шуъбаи маорифи ин ноҳия Гулбоз Қадамов гуфт, ки «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри фаъолияти самарабахши муассисаҳои таълимӣ  тадбирҳои саривақтӣ андешида, барои омода намудани соҳаи маориф ба фасли тирамоҳу зимистон тадбирҳои заруриро амалӣ намуд. То имрӯз зиёда аз 750 ҳазор килограмм ангиштсанг ва қариб 800 метри кубӣ ҳезум дар анборҳо захира шудааст. Дар муассисаҳои таълимии қисмати болоии ноҳия аз даҳаи якуми моҳи октябр мавсими гармкунии синфхонаҳо сар шуд. Аз ин рӯ як моҳ пеш ҳамаи таълимгоҳҳо  бо маводи сӯзишворӣ таъмин гардиданд».

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2023 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид