Муносибатҳои низомии Тоҷикистон ва Эрон таҳким меёбанд

Октябрь 18, 2023 15:42

ДУШАНБЕ, 18.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо бо Вазири дифоъ ва пуштибонии Неруҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Оштиёнӣ, ки бо сафари расмӣ ба  Тоҷикистон омадааст, доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар вохӯрӣ асосан масоили вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон, вазъи кунунии ҳамкории ниҳодҳои ҳарбӣ, нақшаҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби ҳамкории самарабахши низомӣ, рушду нумӯи  муносибатҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар муборизаи муштараки зиддитеррористӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба нақшаю дурнамои ҳамкории низомии Тоҷикистон ва Эрон  мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Доир ба масоили густариши минбаъдаи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ- техникии Тоҷикистон ва Эрон байни роҳбарони ниҳодҳои мудофиаи ду давлат мубодилаи афкор доир шуда, ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои низомии дуҷониба ва муваффақияти дар ин самт бадастомада изҳори қаноатмандӣ намуданд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 18, 2023 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид