Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти бархе аз муассисаҳои иҷтимоӣ шинос гардид

Октябрь 5, 2023 08:56

ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Матлубахон Сатториён зимни сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ба комиссариати ҳарбии шаҳр рафта, бо фаъолияти комиссияи даъвати тирамоҳии наваскарон шинос шуд. Муовини Сарвазири мамлакат бо масъулони комиссариат, раис ва аъзои комиссияи даъват ва ҳар кадом табиб аз ҳайати комиссияи тиббӣ дар алоҳидагӣ суҳбат намуда, вобаста ба саломатии даъватшавандагон, бахусус бемориҳое, ки нисбатан бештар ба мушоҳида мерасанд, назари мутахассисонро фаҳмид. Инчунин аз омода намудани ҳуҷҷатҳои даъватшавандагон котиби комиссияи даъват гузориш дода, натиҷаҳоро нисбат ба солҳои қаблӣ хубтар арзёбӣ намуд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз мавҷуд будани баъзе монеаҳои сунъӣ дар давраи даъват, ба мисли фориғболӣ ва сари вақт нарасонидани даъватномаҳо ба даъватшавандагон масъулонро ҳушдор дода, гуфт, ки кормандони комиссариат дар иҷрои вазифаҳое, ки бар уҳда доранд, бояд масъулиятшинос бошанд.

Дар идома муовини Сарвазири Тоҷикистон бо Маҷмааи савдою хизматрасонии «Даҳбед» шинос шуд. Ин иншооти иборат аз меҳмонхона, нуқтаҳои савдо ва корхонаи дӯзандагӣ бо 75 дастгоҳи дӯзандагӣ ҳанӯз соли 2014 ба истифода дода шуда, дар шафати он корхонаи дигари дӯзандагии «Шарофат» низ бо 300 дастгоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуда буд. Дар ҳолати имрӯза иншоот аз фаъолият боз монда, барои идомаи истеҳсолот имконият ва иқтидор надорад . Дар назди маҷмаа кӯли як замон маъруфи «Ҷавонон» мавҷуд буда, солҳои зиёде аст, ки бекор хобида, ба чарогоҳ мубаддал гардидааст. Аз ин рӯ, муовини Сарвазири Тоҷикистон барои барқарор намудани фаъолияти корхонаи дӯзандагӣ ва кӯли «Ҷавонон», дарёфти роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуд, таъкид намуд, ки набояд чунин як иншооти муҳташам, ки барои ба кор таъмин гардидани даҳҳо нафар корҷӯён, бахусус занону духтарони маҳаллӣ мусоидат менамояд, дар чунин ҳолати ногувор қарор дошта бошад.

Матлубахон Сатториён дар деҳаи Хонақоҳи Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ бо фаъолияти беморхонаи минтақавӣ, ки бо ташаббуси аҳолӣ ва соҳибкорон сохта шудааст, шинос гардид. Беморхона аз шуъбаҳо барои касалиҳои кӯдакона, дарунӣ ва таваллудхона, дар умум аз 30 кати хоб иборат буда, дар он 25 нафар табибону ҳамшираҳои шафқат ва кормандони техникӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Матлубахон Сатториён бо ҳуҷраҳо барои беморон ва утоқҳои кории табибону кормандони муассиса шинос шуда, дар саҳни муассиса бо табибону ҳамшираҳои шафқат ва кормандони техникии муассиса суҳбат намуд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар деҳаи Хирманаки Ҷамоати деҳоти Сомон бо фаъолияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсус, ки дар он гирифторони бемории полиомелит аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таълиму тарбия мегиранд ва намунаҳои ҳунари тарбиятгирандагон, шароити синфхонаҳои таълимӣ, утоқҳои хизматрасонӣ, хобгоҳ, нуқтаҳои тиббӣ ва ҳуҷраҳо барои бозии тарбиятгирандагон шинос шуд.

Дар ин рӯз дар ошхонаи муассиса барои 310 нафар тарбиягиранда ва омӯзгорони муассиса хони идона ороста шуда, ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр бо барномаи консертӣ ҳунарнамоӣ намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 5, 2023 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид