Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо вазъи иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор шинос шуд

Октябрь 3, 2023 16:05

ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён 2 октябр дар шаҳри Ҳисор бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз наздик шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон нахуст бо мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардида дар ҳудуди деҳаи Шӯроби Афғони Ҷамоати деҳоти Сомон ва корҳои анҷомёфта дар ин мавзеъ, ки вазорату идораҳои дахлдор ба анҷом расонидаанд, шинос шуд.

Дар идомаи сафар дар деҳоти Сомон муовини Сарвазир бо мақсади шиносоӣ бо омодагии аҳолии деҳот ба фасли зимистон, захираи маводи хӯрокворӣ ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ба деҳаи Мортеппаи ҷамоат рафта, бо аҳли хонадони сокини деҳаи мазкур Давлат Зиёев ҳамсуҳбат шуданд.

Сарвари хоҷагӣ, собиқадори соҳаи маориф, устод Зиёев баъди шиносоии муовини Сарвазири мамлакат бо анбори оилавии захираи хӯрок ва заминҳои ба кишти тирамоҳӣ дар ҳавлӣ омоданамудаи ин хонавода, иброз дошт, ки аксари маводи хӯрокворие, ки аҳли хонадон захира намудаанд, аз замини наздиҳавлигӣ рӯёнида шудааст.

Ҳамчунин ба муовини Сарвазири Тоҷикистон китобхонаи шахсӣ ва толори китобхонӣ, ки бо ташаббуси устод Зиёев дар ошёнаи дуюми мағозаи хусусиашон аз ҳисоби замини наздиҳавлигӣ бунёд шудаанд, муаррифӣ ва гуфта шуд, ки китобхона 200 нафар китобхони доимӣ дорад ва шогирдон ҳамасола дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд.


Сафари кории ҳайат дар деҳаи Ғайратободи деҳоти Сомон идома ёфта, онҳо бо ҳолати корҳои анҷомёфта дар Маркази савдою хизматрасонии «Алмосӣ», ки бо саҳми бародарони тоҷир Сатторовҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд меёбад, шинос шуданд. Иншоот аз чор ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум ҷойгир намудани мағозаи хӯрокворӣ ва ашёи рӯзгор, дар ошёнаи дуюм либосҳои истеҳсоли ватанӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар назар дошта шудааст.

Дар ошёнаи сеюм толори бозиҳои электронӣ ва дилхушии кӯдакон ба роҳ монда шуда, ошёнаи чоруми бино бо усули замонавӣ ва бо мақсади бунёди ошхонаву чойхона бо хӯрокҳои миллӣ ва хӯрокҳои маъруфи дигар миллатҳо таъмиру тамрин ва ҷиҳозонида мешавад. Дар се ошёна роҳравҳои худгард (эскалаторҳо) ва лифт насб шуда, хизматрасонӣ дар хазинаҳо бо усулҳои замонавӣ, тариқи нақдӣ ва ғайринақдӣ амалӣ мегардад.

Дар гӯшаи дигари деҳаи Ғайратобод тоҷирони деҳа нуқтаи фурӯши ангиштсангро дар ҳаҷми бузург ташкил додаанд, ки дастрасии сокинони шаҳрро ба ангишти хушсифат осон намудааст. Муовини Сарвазир дар ин нуқта бо тоҷирон оид ба сифат ва нархи ангишт, инчунин мушкилот дар боркашонӣ суҳбат намуд.


Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён сипас ба қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар шаҳри Ҳисор, омада, бо афсарону сарбозон оид ба шароити хизмат ва таъминот бо маводи хӯрокворӣ суҳбати озод намуданд.

Ҳамзамон ҳайат бо анборҳои захираи маводи хӯрокворӣ, хоҷагии ёрирасони назди қисм, ошхонаи сарбозон ва сифати хӯроку анвои хӯрдание, ки ба онҳо пешкаш мешавад, шинос шуд.

Сардори қисми ҳарбӣ иброз дошт, ки бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҳар иду ҷашн маҳсулоти хӯрокворӣ дастрас гардида, бахшида ба ҷашнҳои миллӣ барои афсарону сарбозон дастархони идона ороста, барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 ба номи Хуршед Аловиддинов рафта, бо майдончаи варзишӣ ва анбори захираи сӯзишворӣ барои зимистон шинос шуд. Ҳамчунин натиҷаи иҷрои супоришҳоеро, ки дар сафари қаблӣ ба маъмурияти муассиса таъкид шуда буд, санҷида, вобаста ба ташкили майдончаи ҳарбӣ дар назди муассиса дастурҳои иловагӣ дода шуд.

Дар хоҷагии «50-солагии Октябр» муовини Савазир бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили пахта ва маккаву сабзавот шинос шуда, дар маъракаи кишти тирамоҳии гандум иштирок намуда, бо дуои пирони кор донаҳои умедро ба замин пошиданд.

Дар сари замини хоҷагӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон бо чинакчиён суҳбат ороста, занонро ба захира намудани маводи хӯрокворӣ, аз қабили донагиҳо, сабзавот, хӯришҳову мураббо ва дигар анвои хӯрданӣ ҳидоят намуд.


Сафари кории муовини Сарвазири Тоҷикистон баъдан дар шаҳраки Шарора идома ёфт. Ҳайат ҳамчунин бо ҳолати 2 километр роҳ дар ҳудуди шаҳрак, ки дар тавозуни Вазорати нақлиёт қарор дошта таъмирталаб мебошад, инчунин бо хати нави истеҳсолии ба тозагӣ фаъолият намудаи корхонаи «Коғази Шарора» шинос гардид. Роҳбарияти корхона оид ба фаъолияти корхона, раванди истеҳсолот маълумот пешкаш намуд. Муовини Сарвазир барои ободонии ҳудуди корхона ба роҳбарияти он тавсияҳои судманд дод.

Корхонаи қабул ва коркарди пахтаи «Пахтаи Ҳисор» низ дар ҳудуди шаҳраки Шарора ҷойгир аст ва ҳайати корӣ бо корхона шинос шуд. Корхонаро, ки иқтидори солонааш 15 000 тонна пахта мебошад, ҶДММ «Латиф Муродов» ба иҷора гирифта, беш аз 40 нафарро бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин намудааст.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар заминҳои хоҷагии «Латиф Муродов» бо ҳудуди майдоне, ки дар он тибқи нақшаи генералии шаҳр бунёди минтақаи саноатӣ дар назар дошта шудааст, шинос шуд. Дар ин минтақа бунёди 20 корхонаи хурду миёна бо ташкили 500 ҷойи корӣ дар назар дошта шуда, ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои мусоидат ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дигар идораҳои марбута ирсол гардидаанд.

Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат бо фаъолияти Маркази савдои байналмилалии Ҳисор, ки 18 сентябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида буд, инчунин майдони Нишони давлатӣ ва Парчами миллӣ дар назди чойхонаи миллии «Харбуза» шинос гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Октябрь 3, 2023 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст
Дар Риёз ҷаласаи чоруми Кумитаи муштараки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ доир гардид
Дар шаҳри Кӯлоб филиали «Саноатсодиротбонк» ифтитоҳ гардид
Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея оид ба истифодаи технологияҳои ҳушманд дар соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид
Вазири энергетикаи Тоҷикистон дар Риёз дар чорабинии канорӣ оид ба диверсификатсияи манбаъҳои энергия иштирок намуд
Конфронси 28-уми байналмилалии сармоягузорӣ дар шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ ба анҷом расид
Дар шаҳри Риёз ҳамоиши доираҳои тиҷоратию сармоягузории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид
Байни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист, об ва кишоварзии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид