Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Лахш бо ҷараёни ҷамъоварии картошка шинос шуд

Октябрь 5, 2023 11:46

ЛАХШ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар ноҳияи Лахш бо вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка ва боғҳо, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи озуқаворӣ, сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, истифодаи самараноки обу замин ва кишти тирамоҳӣ шинос шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш иттилоъ доданд.

Роҳбарияти ноҳияи Лахш ба меҳмонон иттилоъ доданд, ки ҷиҳати сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили картошка махсус 80 техника ва 50 технологияи кишоварзиро ба минтақаҳои кӯҳӣ ҷалб намудаанд. То имрӯз аз 3208 гектар кишти картошка дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва коллективӣ 1553 гектар ҷамъоварӣ шудааст, ки ҳосили он 33 ҳазору 531 тоннаро ташкил медиҳад. Ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 216-сентнерӣ ҳосил рӯёнида шудааст.

Сулаймон Зиёзода ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- таъмини амнияти озуқаворӣ, рӯёнидани ду ҳосил, таъмини бозор бо маҳсулоти ватанӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, корҳои созандагию бунёдӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ҳалли мушкилоти ҷойдошта ба масъулин тавсияҳо дод.

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазъи соҳаҳои кишоварзию иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳияҳои минтақаи Рашт шинос гардида, ба масъулини ноҳияҳои мазкур барои сари вақт ҷамъ овардани ҳосили картошкаю боғҳо, сари вақт иҷро намудани нақшаи кишти тирамоҳӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, тақвияти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи озуқаворӣ, баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Октябрь 5, 2023 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд