НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста ба он ки Истиқлолияти давлатии мо дар ибтидо ба моҷарои сиёсӣ рӯ ба рӯ гардид, Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлол ислоҳоти ҳамаи соҳаҳо ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи меҳварии худ эълон намуд. Чунин изҳор дошт ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвақтзода зимни баргузории Конференсияи илмӣ-назариявии «Нақши Пешвои миллат дар рушди иқтисоди миллӣ». Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳибистиқлол гардидан ба гузаронидани ислоҳоти ҷадиди иқтисодӣ зарурат дошт. Ба ин хотир Пешвои миллат 12 декабри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ба мардуми мамлакат зарурати барқарорсозии фаъолияти ҳамаи субъектҳои иқтисодӣ ва рушди муносибатҳои бозориро шарҳу тавзеҳ доданд.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои дар пеш гузошта соли 1994 фармони Сарвари давлат «Дар бораи гузаронидани чорабиниҳои аввалиндараҷа доир ба таъмини ислоҳоти иқтисодӣ ва тезонидани суръати гузариш ба иқтисоди бозорӣ» ба имзо расид. Мазмуну муҳтавои фармони мазкур, пеш аз ҳама, аз иҷрои меъёрҳо ва талаботи муҳими иқтисоди бозорӣ, махсусан озод намудани нархҳои дохилӣ, танзими асъор ва тиҷорати хориҷӣ иборат буд. Дар ин баробар «Барномаи комплексии дигаргунисозиҳои иқтисодӣ барои солҳои 1995-2000» қабул шуд. Барномаи давлатӣ ба заминаҳои озодкунии нархи ҳамаи молу маҳсулот ва хизматрасонӣ, тиҷорати хориҷӣ, вусъат бахшидани ислоҳоти воқеии соҳаи кишоварзӣ, бахши молиявию бонкӣ, хусусигардонии моликияти давлатӣ ва ташаккули ҳуқуқии иқтисоди бозорӣ дар мамлакат асос гузошт.
Дар ҷараёни ҳамоиш мутахассисон иброз доштанд, ки муҳимтарин масъалае, ки заминаи рушди иқтисоди миллиро дар мамлакат гузошт, ҳалли маҳдудияти коммуникатсионӣ, яъне кушодани роҳҳои мошингард, оҳану ҳавоӣ ва таъмини робита бо тамоми минтақаҳои мамлакат ва давлатҳои ҳамҷавор ба ҳисоб меравад. Дар ин муддат аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус ва доимӣ зоҳир гардид.
Ҳанӯз дар ибтидои солҳои соҳибистиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки «бояд нақбҳои бузург ва роҳҳои замонавии мошингард бунёд намуда, мамлакатро ба қаламрави воҳид табдил диҳем ва робитаҳои нақлиётии мамлакатамонро бо мамолики дуру наздик таъмин намоем».
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






