Нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Тоҷикистон ва Эрон дар Душанбе баргузор шуд

Октябрь 20, 2023 14:39

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр дар Душанбе нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд. Ҳайатҳои ҷонибҳо дар ин нишаст таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Алӣ Боқирӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва маориф мубодилаи афкор анҷом дода шуда, ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкории судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат менамоянд, изҳор намуданд.

Ҳамчунин дар доираи нишаст 19 октябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Боқирӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2023 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд