Намояндагони давлатҳои аъзои Конвенсияи Орхус ба тамошои Неругоҳи барқи обии «Норак» рафтанд
ДУШАНБЕ, 21.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони нишасти солонаи марказҳои Орхус – 2023, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Норак» рафта, бо раванди истеҳсоли энергияи «сабз» шинос шуданд.
Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки меҳмонон бо роҳбаладии масъулони Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлати шаҳри Норак ва НБО –и «Норак» бо фаъолияти неругоҳ ва мавзеъҳои назаррабои шаҳри Норак шинос шуданд.
Инчунин иштирокдорони нишасти солонаи марказҳои Орхус – 2023 дар шаҳри Душанбе ганҷинаи ёдгориҳои таърихии халқи тоҷикро, ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст, тамошо намуданд. Ҳамзамон Боғи Устод Рӯдакӣ, Парчаму Нишон ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро тамошо намуданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-18 октябр бо иштироки намояндагони 14 давлати аъзои конвенсияи Орхус дар Душанбе нишасти солонаи марказҳои Орхус баргузор гардид.
Намояндагони давлатҳо аз минтақаи Аврупои Шарқӣ, Балкан, Кавказ ва Осиёи Марказӣ масъалаҳои марбут ба нақши марказҳои Орхус барои ҷалби иштироки ҷомеа дар қабули қарорҳо вобаста ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, пешбурди принсипҳои иқтисоди “сабз” ва нақши марказҳои Орхус дар идоракунии партовҳои хатарнокро баррасӣ намуда, аз таҷрибаи ҳамдигар огоҳ шуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд






