Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 44-уми Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 44-уми Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) дар доираи 25-умин Маҷмаи умумии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) доир гардид, ки дар кори он Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.
Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) яке аз 7 кумитаи асосии Созмон ба ҳисоб рафта, дар он тамоми масъалаҳои вобаста ба муколама, мубодилаи иттилоот ва андешидани тадбирҳои минбаъда дар иртибот ба узвияти шарикӣ (affiliate membership), ки ба он зиёда аз 500 ширкати давлатҳои олам, муассисаҳои таълимӣ ва тадқиқотӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ аъзо мебошанд, баррасӣ мешаванд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Комиссияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барои Аврупо, ки таҳти сарпарастии ҳукумати Булғористон аз 31 май то 2 июни соли 2023 дар шаҳри София доир гардид, дар қатори Ҷумҳурии Узбекистон ва Шоҳигарии Испания узви Раёсати Кумита оид ба масъалаҳои узвияти шарикӣ (CMAM) барои солҳои 2023-2027 интихоб гардид.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст






