Ноширони Федератсияи Русия дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 3 октябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аҳли фарҳанг, адибон, зиёиён, меҳмонон ва ҳаводорони китобу мутолиа Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид, ки дар он зиёда аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ фаъолона иштирок доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии китоб таҳти унвони «Китоби Душанбе» ҳамчун рукни пойдории фарҳанг ва иртиботи фарҳангӣ бо ноширони давлатҳои дӯст баргузор мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти фавқулода бузурги китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи нашри китобҳои хонданиву босифат ва ташвиқу тарғиби ҷомеаро ба мутолиаи китоб дар сиёсати созандаи фарҳангии хеш дар авлавият қарор додаанд.
Ҳамчунин роҳбарияти вазорат иштироки ноширону адибони Федератсияи Русияро ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» баёнгари сиёсати созандаи давлатҳои дӯст- Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ намуданд.
Иброз гардид, ки соли 2023 дар қаламрави мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли забони русӣ эълон гардидааст. Забони русӣ, ки дар кураи Замин 250 миллион нафар бо он гуфтугӯ менамоянд, дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сифати забони муоширати байни миллатҳо истифода мешавад.
Имсол дар доираи Соли забони русӣ ноширони Федератсияи Русия дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» иштирок доранд, ки ин падида дар намоишгоҳ бори нахуст ба вуқуъ мепайвандад.
Меҳмонон аз истиқболи гарм ва мардуми китобдӯсту фарҳангсолори тоҷик изҳори хурсандӣ намуда, ҷиҳати тавсеаи ҳамкории фарҳангию адабӣ ва нашри китобҳои муштарак ибрози андеша намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев иброз намуд, ки «мехоҳам ба ҷониби Тоҷикистон барои ташкили ин намоишгоҳ ва даъвати Русия ба ҳайси «меҳмони фахрӣ» изҳори сипос намоям. Ҳайати Русия бо худ зиёда аз 500 китоб, аз ҷумла нашри беназири Антологияи адабиёти давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро овардааст. Ман фикр дорам, ки барои ҳамаи мо шиносоӣ бо экспозитсияҳои ин намоишгоҳ на танҳо барои Русия ва Тоҷикистон, балки барои давлатҳои дигари дӯст низ хушнудии бузург хоҳад буд».
Нависанда ва раиси Ассотсиатсияи иттифоқҳои нависандагон ва ноширони Русия Сергей Шаргунов иброз намуд, ки ба Душанбе на танҳо китобҳо оварда шудаанд, балки муаллифон низ омадаанд, то дар намоишгоҳ вохӯриҳои эҷодӣ баргузор намоянд. «Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мубодилаи фарҳангию зеҳнӣ байни Русия ва Тоҷикистон танҳо бо қисми тантанавӣ маҳдуд намешавад. Тавассути чунин дидорҳо нависандагони Русияву Тоҷикистон якдигарро беҳтар мешиносанд»,-гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» то 5 октябр идома меёбад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






