Ноширони Федератсияи Русия дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» иштирок доранд

Октябрь 4, 2023 15:14

 ДУШАНБЕ, 04.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 3 октябр дар  Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аҳли фарҳанг, адибон, зиёиён, меҳмонон ва ҳаводорони китобу мутолиа Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз  гардид, ки дар он  зиёда аз 7 давлати дунё, аз ҷумла Федератсияи Русия, Беларус, Ҳиндустон, Туркия, Туркманистон, Узбекистон, Эрон ва беш аз 30 муассисаи нашриявии дохилӣ фаъолона иштирок доранд.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии китоб таҳти унвони «Китоби Душанбе» ҳамчун рукни пойдории фарҳанг ва иртиботи фарҳангӣ бо ноширони давлатҳои дӯст баргузор мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти фавқулода бузурги китоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи нашри китобҳои хонданиву босифат ва ташвиқу тарғиби ҷомеаро ба мутолиаи китоб дар сиёсати созандаи фарҳангии хеш дар авлавият қарор додаанд.

Ҳамчунин роҳбарияти вазорат иштироки ноширону адибони Федератсияи Русияро ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» баёнгари сиёсати созандаи давлатҳои дӯст- Тоҷикистон ва Русия арзёбӣ намуданд.

Иброз гардид, ки соли 2023 дар қаламрави мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли забони русӣ эълон гардидааст. Забони русӣ, ки дар кураи Замин 250 миллион нафар бо он гуфтугӯ менамоянд, дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба сифати забони муоширати байни миллатҳо истифода мешавад.

Имсол дар доираи Соли забони русӣ ноширони Федератсияи Русия дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ҳайси «меҳмони ифтихорӣ» иштирок доранд, ки ин падида дар намоишгоҳ бори нахуст ба вуқуъ мепайвандад.

Меҳмонон аз истиқболи гарм ва мардуми китобдӯсту фарҳангсолори тоҷик изҳори хурсандӣ намуда, ҷиҳати тавсеаи ҳамкории фарҳангию адабӣ ва нашри китобҳои муштарак ибрози андеша намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семен Григорев иброз намуд, ки «мехоҳам ба ҷониби Тоҷикистон барои ташкили ин намоишгоҳ ва даъвати Русия ба ҳайси «меҳмони фахрӣ» изҳори сипос намоям. Ҳайати Русия бо худ зиёда аз 500 китоб, аз ҷумла нашри беназири Антологияи адабиёти давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро овардааст. Ман фикр дорам, ки барои ҳамаи мо шиносоӣ бо экспозитсияҳои ин намоишгоҳ на танҳо барои Русия ва Тоҷикистон, балки барои давлатҳои дигари дӯст низ хушнудии бузург хоҳад буд».

Нависанда ва раиси Ассотсиатсияи иттифоқҳои нависандагон ва ноширони Русия Сергей Шаргунов иброз намуд, ки ба Душанбе на танҳо китобҳо оварда шудаанд, балки муаллифон низ омадаанд, то дар намоишгоҳ вохӯриҳои эҷодӣ баргузор намоянд. «Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки мубодилаи фарҳангию зеҳнӣ байни Русия ва Тоҷикистон танҳо бо қисми тантанавӣ маҳдуд намешавад.  Тавассути чунин дидорҳо нависандагони Русияву Тоҷикистон якдигарро беҳтар мешиносанд»,-гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» то 5 октябр идома меёбад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

 АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 4, 2023 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»
ЗАБОНИ МОДАРИИ МО—ЗАБОНИ ШИРИНУ ШЕВО ВА ШОИРОНАИ ТОҶИКӢ! Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид