Қобилҷон Хушвахтзода дар Минск бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 07.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи амадемик М.Осимӣ Қудрат Давлатзода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Беларус таҳсил менамоянд, вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донгишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Вохӯрӣ дар доираи Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Минск доир гардид, баргузор шуд.
Зимни вохӯрӣ ректорон дар робита ба дастгириҳо ва иқдомҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон сухан гуфта, таъкид доштанд, ки Сарвари давлат дар самти илмомӯзии ҷавонон дар дохил ва хориҷи мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.
Дар ҷараёни суҳбат оид ба мавзуъҳои худшиносии фардӣ ва миллӣ, масоили ватанхоҳиву соҳибватанӣ, сарфакорию донишазхуднамоии ҷавонон, даст назадан ба ҷинояту ҷинояткорӣ, худдорӣ аз андешаҳои носаҳеҳ, сайқал додани донишҳои ҳуқуқию сиёсӣ, сатҳи забондонӣ, дарк намудани равандҳои гуногуни ҷаҳонишавӣ ва ғайра андешаҳои ҷолиб баён карда шуданд.
Тазаккур дода шуд, ки ҷавонон бояд ҳар лаҳзаи худро ғанимат шуморанд ва пайваста аз пайи мутолиа гарданд. Ба масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ҷаҳон воқеъбинона назар намоянд, фарҳанги баланди сиёсӣ дошта бошанд ва манфиатҳои миллиро пайваста пуштибонӣ намоянд.
Ҳамчунин ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода барои донишҷӯёни Донишгоҳи миллии техникии Беларус дарси кушод гузаронида, маърӯза намуд.
Бояд гуфт, ки вохӯрии мазкур аз ҷониби иштирокчиён дар самти такмили донишҳои ҳуқуқию сиёсии ҷавонон ва таҳкими худшиносию ватандӯстии онҳо муҳим арзёбӣ мегардад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, дар доираи ҳамкории дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Беларус дар шаҳри Минск Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус доир гардид. Кори форум дар бахшҳо идома ёфта, дар бахши дуюм — «Технологияи рақамӣ дар соҳаи маориф» аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода модератор интихоб гардид.
Дар ин бахш муҳимтарин масъалаҳои низоми маориф аз ҷониби намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат – Тоҷикистон ва Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки ба шарофати сиёсати хирадмандона ва созандаи роҳбарони олии Тоҷикистон ва Беларус рушди илму маориф дар тамоми давра ба самти муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.
Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус ба рушди муносибатҳои минбаъда такони ҷиддӣ мебахшад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон












Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд
Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид






