ОБОДИИ МАҲАЛ. Дар деҳаи дурдасти Олимободи ҷамоати Работи шаҳри Турсунзода 4 км роҳи нақлиётгард асфалтпӯш мегардад
ДУШАНБЕ, 05.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 км роҳи нақлиётгарди деҳаи дурдасти Олимободи ҷамоати Работ асфалтпӯш мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар доданд.
Ташаббускорони ин иқдоми неку шоиста дар марҳилаи аввал 1 км масири нақлиётгардро бо сифати баланд мумфарш намуданд. Дар ин баробар дар дигар деҳаҳои ҷамоат корҳои ободониву созандагӣ, асфалтпӯш ва бетонпӯш намудани роҳҳо бомаром идома дорад.
Ҳамзамон дар идомаи ин ободкориҳо сокинони сарбаланду меҳандӯсти деҳаи Ортиқ Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Навобод бо саҳми дастҷамъонаи соҳибкорону мардуми деҳа асфалтпӯшкунии 3 км роҳи байнидеҳавиро ба анҷом расониданд, ки ин гувоҳ аз иттиҳоду якдилии соҳибкорон ва мардуми деҳаи мазкур мебошад.
Бояд гуфт, ки иқдоми асфалтпӯшкунии роҳҳои маҳаллӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва саҳми фаъолонаи соҳибкорони бонангу номус ва сокинони деҳот ба ҳукми анъана даромадааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода








ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд






