Омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо фаъолияти кормандони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Октябрь 27, 2023 14:59

ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ба мавзеи бунёди иншооти сарнавиштсози миллат – Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати омӯзгорон бо фаъолияти созандагони ин кохи нур дар иншооти асосии сохтмони неругоҳ, нақбҳои сохтмонию нақлиётӣ, дастрасӣ, обрасон, шахтаҳои ҳаводеҳ, обқабулкунакҳои доимӣ, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо, обанбори тозабунёд, сарбанди неругоҳ, ки бо баландии 335 метр тарҳрезӣ шудааст, аз наздик шинос шуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон сӣ сол мешавад, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳаббату самимияти ватандӯстонаи миллати тоҷик дар роҳи озодию истиқлол ва рушду тараққиёт қадам мезанад.


Ректори донишгоҳ зимни суҳбат бо бунёдгарони иншоот иброз дошт, ки сӣ соли таърихи навини миллати тоҷик як давраи басе муҳими таърихӣ буда, дар ин давра мардуми тоҷик ба бузургтарин дастовардҳои муҳими таърихӣ ноил гардид.

«Яке аз дастовардҳои таърихие, ки дар ин давра рӯи кор омад, ин бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” мебошад. НБО-и “Роғун” муҳимтарин иншооти аср буда, рушди иқтисодиёти мамлакат аз ин неругоҳ вобастагии ногусастанӣ дорад. Бо фаъолияти пурраи неругоҳ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати саноатӣ табдил ёфта, имконияти татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ, ки рушди босуботи саноатикунонии мамлакат маҳсуб мешавад, амалӣ мегардад», -гуфт ректори донишгоҳ.

Инчунин аз ҷониби ансамбли ҳунарии донишгоҳ- «Чеҳранамо» ба кормандони неругоҳ барномаи рангини консертӣ пешниҳод гардид.

АКС: Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Октябрь 27, 2023 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
Қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон» то 1 апрел идома меёбад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
Байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Эфекта»-и Британияи Кабир Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
54 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳхат гирифт
Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро ба муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон оғоз намуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид