ҲОМИЁНИ ДАВЛАТИ ОБОДЕМ! Дар ноҳияи Ашт маъракаи даъвати тирамоҳӣ оғоз гардид

Октябрь 3, 2023 10:30

СУҒД, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт маросими ботантанаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло Маҳкам бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт.

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996 — 2005» бо камоли ифтихор даъватшудагони зиёде аз ноҳияи Ашт ба хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гусел гардиданд.

Дар маросими гусели наваскарони ихтиёрӣ Раиси ноҳияи Ашт Шуҳрат Муҳаммадзода, муовинон, сардори комиссариати ҳарбӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, сарбозони қисмҳои низомии ноҳия ва падару модари даъватшудаҳо иштирок намуданд.

«Мо боварӣ дорем, ки ин ҷавонмардон бо одоби намунавӣ ва хизматҳои шоиста дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва сулҳу суботи мамлакат садоқати худро ба давлат ва мардуми Тоҷикистон дар амал нишон медиҳанд»,- иброз дошт Раиси ноҳияи Ашт.


Зимни ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» иброз гардид, ки «ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Мо бо ҷавонони худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми аҷдодиро ҳимоя менамоянд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус ва ба халқи Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Зимни ҷамъомад ба даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.

Баромади сарбозони қисмҳои низомӣ, хонандагон, саҳнача, рақсҳои ҷаззобу сурудҳои дилнишин таъби ҳозиринро болида намуд.

Ҳамзамон барои сиҳату саломат ба назди волидайн баргаштани наваскарон маросими нонгазонӣ баргузор шуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт

Октябрь 3, 2023 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид