«Осорхонаи миллӣ»-и Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Роҳҳои абрешим»-и Британия иштирок менамояд

Октябрь 14, 2023 13:56

ДУШАНБЕ, 14.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 13 октябри соли равон  директори Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ба таври маҷозӣ (онлайн) бо намояндаи Осорхонаи Британия Лук Ю-пинг мулоқот намуд, ки зимни он ҷонибҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни раванди омодагӣ ва иштироки Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» дар намоишгоҳи «Роҳҳои абрешим» мубодилаи афкор намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ хабар доданд.

Бояд гуфт, ки Осорхонаи Британия намоишгоҳи бузургеро ба нақша гирифтааст, ки бо номи «Роҳҳои абрешим» дар Галереяи намоишгоҳҳои Сенсбери (G30) аз 26 сентябри соли 2024 то 23 феврали соли 2025 баргузор мегардад.

Директори Осорхонаи миллӣ нахуст аз таваҷҷӯҳи Осорхонаи Британия ҷиҳати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Роҳҳои абрешим» изҳори сипос намуда, мулоқоти мазкурро дар самти тавсеаи ҳамкорӣ  муҳим арзёбӣ намуд.

Мавсуф изҳор намуд, ки густариши ҳамкорӣ  миёни осорхонаҳои ду  давлат  ба манфиати ҷонибҳо буда, ин нахустин намоишгоҳе мебошад, ки Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо даъвати  Осорхонаи Британия иштирок хоҳад намуд.

Намояндаи Осорхонаи Британия Лук Ю-пинг дар навбати хеш аз таваҷҷуҳи хосаи ҷониби Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ изҳори хушҳолӣ намуд.

Намояндаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Бахтиёр Муҳаммадҷонов, ки дар ин мулоқоти маҷозӣ иштирок намуд, дар навбати хеш изҳори умедворӣ кард, ки ин дидору суҳбатҳо натиҷаи мусбат ба бор оварда, ҷониби Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ иштирок хоҳад намуд.

АКС: Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»

Октябрь 14, 2023 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд