Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба истеҳсоли минбарҳои таълимӣ шуруъ намуд

Октябрь 10, 2023 17:02

 ДУШАНБЕ, 10.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба истеҳсоли минбарҳои таълимӣ шуруъ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.

Дар айни ҳол 100 минбари таълимӣ омода гардида, бо дастури ректори донишгоҳ дар навбати аввал ба факултетҳо дастрас мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ истеҳсоли мизу курсиҳои замонавӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз самти фаъолияти парки технологии донишгоҳ ба беҳтар гардонидани кори таълиму тарбия дар донишгоҳ нигаронида шуда, тибқи он корҳои хоҷагии дохилии донишгоҳ пеш бурда мешаванд.

Парки технологии донишгоҳ, ки аз соли 2015 инҷониб фаъолияти чашмрас надошт, ҳоло ба таври назаррас амал менамояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ 

Октябрь 10, 2023 17:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид