«ПАРКИ ТЕХНОЛОГИЮ САНОАТИИ ВАНҶ». Сохмони ин корхонаи калонтарин дар минтақа оғоз шуд
ВАНҶ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти «Ҷовидон»-и ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони бузургтарин «Парки технологию саноатии Ванҷ», ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст, оғоз ёфт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан.
Парк дар масоҳати 28 гектар замини бекорхобида бунёд гардида, дар оянда ба шаҳраки замонавӣ табдил меёбад. Дар марҳилаи аввал дар ин ҷо коркард ва содироти обҳои мусаффои Бадахшон амалӣ шуда, дар муддати 17 моҳ аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд мегардад. Аз раванди оғози кор дар иншооти калонтарини вилоят, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мегардад, Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ва намояндаи Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи лоиҳаи «Паркаи технологию саноатии Ванҷ» шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки шаҳраки саноатӣ аз 8 бинои баландошёна иборат буда, барои кормандон беҳтарин шароит фароҳам оварда мешавад. Бинои маъмурии корхона аз панҷ ошёна иборат буда, барои 130 нафар ҳайати идоракунанда пешбинӣ шудааст. Дар шафати бинои маъмурӣ ҳамчунин меҳмонхонаи дуошёна барои 45 ҷой хоб, ошхона бо 400 ҷой, хобгоҳ барои 200 нафар корманд, анборхонаю озмоишгоҳ ва якчанд биноҳои ёрирасон сохта мешаванд.
Зимни муаррифи лоиҳаи корхонаи азими саноатӣ гуфта шуд, ки парки номбурда дар як соат 9 тонна ва дар як сол 720 ҳазор тонна оби нӯшокӣ ва рангаро дар зарфҳои шишагин ва пластикӣ истеҳсол намуда, ба якчанд мамлакати пешрафтаи ҷаҳон, ки аллакай бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст, ба фурӯш мебарорад.
Парк аз ду бинои истеҳсолӣ бо ҳашт хати технологии худкор муҷаҳҳаз шуда, бо технологияи истеҳсоли насли нави Ҷумҳурии Мардумии Чин ва давлати Олмон таъмин мешавад. Танҳо барои харидории технологияи истеҳсолӣ 24 миллион доллар ҷудо шудааст. Барои сохтмони «Парки технологию саноатии Ванҷ» 60 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуда, давоми як солу панҷ моҳ бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешавад.
Дар оғози сохтмон 350 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор таъмин мешаванд ва баъди пурра ба кор даромадани корхона 500 нафар ба кор ҷалб шуда, маоши миёна аз 3 то 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти саноатӣ ба зиммаи Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сарез-сармоя» вогузор шуда, дар навбати аввал 15 техника ба шаҳраки бунёдкорон бо мақсади васлу насби корхонаи сангу шағал ва бетонбарорӣ интиқол дода шуданд. Аз шумораи умумии кормандон 30 дарсади онро ҳайати муҳандисони хориҷӣ ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи сармоягузорон ва мутахассисони парк, дар корхонаҳои он танҳо аз оби мусаффо ва аз ҷиҳати экологӣ поки пиряхи азими Федченкои ноҳияи Ванҷ ва Кӯли овозадори «Сарез»и ноҳияи Рӯшон истифода мебаранд. Роҳбари лоиҳаи сармоягузор Ли Минжуван гуфт, ки дар парки саноатӣ технологияи муосир ба кор бурда шуда, маҳсулоти посухгӯ ба талаботи меъёрҳои ҳозиразамон коркард, банду баст ва ба фурӯш гузошта мешавад.


Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот таъкид намуд, ки бунёди парки замонавии саноатӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сокинони ноҳияи Ванҷ шаҳодат медиҳад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми деҳот ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот талош меварзанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки баъди ба истифода додани корхона дар шафати он боз як корхонаи калони истеҳсоли афшураи мева ба нақша гирифта шуда, меваҳои шаҳдбори боғоти ноҳияи Ванҷро коркард ва ба мамлакатҳои хориҷӣ содирот менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд






