Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фархор бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мулоқот намуданд

Октябрь 19, 2023 10:15

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр баъди ифтитоҳи ҶДММ «Маркази ташхисиву табобатии Ориёно» дар деҳоти Фархори деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин мулоқот намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Мавриди таъкид аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон мулоқот анҷом дода, бо вазъи зиндагии онҳо шинос мешаванд.

Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимон дар ноҳияи Фархор дар доираи сиёсати иҷтимоӣ ва ғамхориҳо нисбат ба ятимон дар баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавононе, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим шуданд.

Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари инсондӯсту ятимпарвари хеш туҳфаҳои арзишманду хотирмон гирифтанд. Таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи махсус дошта, барои беҳтар намудани шароити мусоиди зиндагӣ ва таҳсили онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ ва самарабахш андешида мешаванд ва онҳо зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятими ноҳияҳои Фархор, Балҷувон, Муъминобод, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар ва илмҳои дақиқу муосир, техника ва технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят намуданд.

Мулоқот бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва супоридани туҳфаҳо ба онҳо 19.10.2023

Октябрь 19, 2023 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 8 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон