Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ба истифода доданд

Октябрь 21, 2023 09:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябри соли равон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминобод бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ро ба истифода доданд.

Сарвари давлат бо шароити бинои нав аз наздик шинос гардида, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Бинои иловагӣ аз 2 ошёна иборат буда, сохтмони он бо назардошти афзоиши аҳолии деҳа ва номусоид будани вазъи бинои қаблии мактаб анҷом дода шуд. Дар бинои нав 11 синфхонаи барҳавою замонавӣ сохта шуда, барои 480 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар иншоот 4 кабинети фаннӣ ташкил ёфтааст, ки дар онҳо бо назардошти талаботи замони муосир бо истифода аз тамоми аёнияти таълимӣ омӯзиши фанҳои химия, физика ва биология ба роҳ монда шудааст. Барои баланд бардоштани донишҳои техникии толибилмон ва омӯзонидани нозукиҳои кор бо технологияи муосир, дар таълимгоҳ синфхонаи алоҳидаи компютерӣ бунёд ёфта, он бо хатти баландсуръати интернет таъмин мебошад. Ҳамчунин дар дигар синфхонаҳо низ бо истифода аз тахтаҳои электронӣ ба хонандагон дарс омӯзонида мешавад, ки чунин шароити замонавӣ ба баланд гардидани сифати таълиму хубтар фаҳмонидани мавзуъҳои дарсӣ мусоидат менамояд.

Дар дохили бинои нав синфхонаи алоҳидаи “Инкишофи кӯдак” ташкил гардидааст, ки дар он ба 30 нафар таълим дода мешавад. Дар ин синфхона барои омодакунии кӯдакон ба машғулияти таълимӣ ва баланд бардоштани саводи онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин бинои нав дорои роҳравҳои барҳавою зебо буда, таъмини гармӣ дар дохили иншоот бо истифода аз буғхонаи алоҳида амалӣ  мешавад. Иншоот ҳамчунин бо камераҳои мушоҳидавӣ таъмин гардидааст.

Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бо истифода аз синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои духтарону писарон, хонандагон метавонанд маҳорати кандакорӣ, дуредгарӣ, қаннодӣ, ҳунари пухту паз ва дӯзандагиро аз бар намоянд. Ҳамзамон дар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 утоқҳои кории роҳбарияти таълимгоҳу дигар иншооти ёрирасон ҷойгир мебошанд.

Сохтмони бинои иловагии ин муассиса аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони муассисаҳои таҳсилоти миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд соли 2022 оғоз ёфта, дар муҳлати муқарраргардида бо сифати баланд бунёд ёфт. Иншоот дар масоҳати 0,50 садяк замин бунёд гардида, атрофи таълимгоҳ бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро дода шудааст, ҳамчунин саҳни он  пурра сафолакпӯш шудааст.

Ба хотири рушди намудҳои гуногуни варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар назди муассиса майдончаҳои замонавии варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол бунёд гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имконияту шароити фароҳамоварда дар бинои нав баҳои баланд дода, хонандагонро вазифадор намуданд, ки ин имконотро ба хотири омӯзиши фанҳои гуногун, азбаркунии илмҳои замонавию омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳамаҷонибаву самаранок истифода баранд.

Ба истифода додани бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Муъминобод 21.10.2023

Октябрь 21, 2023 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд