Президенти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ бо ёдгориҳои Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуд

Октябрь 19, 2023 10:13

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Шурои  ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати ҳамроҳаш ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон омад, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев.

Барои ҳайати меҳмонон дар сатҳи баланд  сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.

Меҳмонон дар осорхона бо таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар мисоли бозёфтҳои марбут ба «Асри санг», «Асри биринҷ», «Ҳахоманишиҳо», «Юнону Бохтар», «Кушониён», «Сосониён», «Ҳайтолиён», «Панҷакенти қадим», «Мероси хаттӣ», «Аҷинатеппа», «Сомониён», толорҳои «Кулолгарӣ», «Мисгарӣ», «Мардумшиносӣ», «Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ» ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шинос  гардиданд.

Президенти Шурои ҷаҳонии таҳаммулпазирӣ ва сулҳ Аҳмад ибни Муҳаммад ал-Ҷарван аз тамошои толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ дарҷ намуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид