Раиси ноҳияи Данғара бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳияи Енишехири Ҷумҳурии Туркия шинос шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия бо роҳбарияти ноҳияи Енишехири Ҷумҳурии Туркия мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории муштаракро баррасӣ намуданд.
Инчунин ҳайати ноҳияи Данғара таҳти роҳбарии раиси ноҳия бо фаъолияти корхонаҳои саноатии ин ноҳия шинос гардид.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Раиси ноҳияи Данғара Исломиддин Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар Ҷумҳурии Туркия қарор дошта, бо як зумра роҳбарони ноҳия ва корхонаҳои саноатии Туркия вохӯрӣ намуд.
Ҳадаф аз ин сафар таҳкими ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва бозомӯзии мутахассисон байни ноҳияи Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияҳои иқтисодии Ҷумҳурии Туркия мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳияи Данғара









Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






