Санъати миллии гулдӯзии тоҷикӣ «чакан» дар Женева муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Санъати миллии гулдӯзии тоҷикӣ «чакан» дар намоишгоҳи «Эҷоди ҷаҳони беҳтар», ки бахшида ба рӯзи таъсиcи Созмони Милали Муттаҳид 24 октябр аз ҷониби Директори генералии Дафтари Созмон дар Женева Татяна Валовая ифтитоҳ гардид, муаррифӣ шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, намоишгоҳ то 10 ноябри соли 2023 идома меёбад.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода дар намоишгоҳ «чакан» – санъати миллии гулдӯзиро, ки соли 2018 ба Феҳристи ҷаҳонии мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид шудааст, муаррифӣ намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ эътирофу дастгирии аҳамияти ҳунарҳои мардумӣ дар саросари ҷаҳон ва таблиғи фарҳанг ҳамчун василаи муколама байни миллатҳо мебошад.
Меҳмонон дар намоишгоҳ бо анъанаҳои миллии Тоҷикистон шинос шуданд.
Таъкид гардид, ки «чакан» ҳамчун як навъи ҳунари мардумӣ дорои таърихи бисёр қадимӣ буда, бо рӯзгор, расму оин ва ҷаҳони маънавии мардуми тоҷик иртиботи зич дорад.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария










Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид






