Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Зартеппаи деҳоти Деҳибаланди ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти сардхона оғоз бахшиданд.
Сардхонаи замонавӣ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирӣ ва маблағгузории ҶДММ «Заркорон» мавриди истифода қарор дода шуд. Мақсад аз фаъол сохтани сардхона- нигоҳдории маҳсулоти истеҳсолшуда дар хоҷагиҳои ҷамъият ва аҳолӣ буда, он дар муддати кӯтоҳ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки сардхона дар масоҳати 0,80 гектар бо ғунҷоиши 1000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ шудааст. Бо бунёди ин иншоот 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин шуданд.
Бо назардошти минтақаи аграрӣ будани ноҳияи Муъминобод ба фаъолият оғоз намудани чунин сардхона амри зарурӣ дониста мешавад. Зеро дар аксар маврид бинобар набудани чунин иншоот маҳсулоти хоҷагидорон талаф меёфт.
Дар иншоот дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки ҳарорати дохили сардхонаро мутобиқ ба меъёр нигоҳ дошта, сифати хуби маҳсулотро таъмин менамоянд, васлу насб шудаанд.
Ба фаъолият оғоз намудани сардхонаи ҶДММ “Заркорон” василаи муҳими бо маҳсулоти тару тоза таъмин намудани аҳолӣ дар фаслҳои зимистону баҳор низ мебошад. Дар сардхонаи нав коргарон бо ин мақсад сабзӣ, картошка, себ ва дигар номгӯи маҳсулотро захира намудаанд. Инчунин ҷиҳати нигоҳдории муваққатӣ ва банду басти маҳсулот дар ҳудуди сардхона анбори калон бунёд гардидааст.
Бартарияти дигари сардхонаи ҶДММ “Заркорон” боз дар он аст, ки тариқи шартнома барои нигоҳдории стандартӣ аз аҳолӣ меваю сабзавотро қабул менамояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкорон ҷиҳати бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини бозор бо меваю сабзавот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз имконияту иқтидори мавҷудаи ноҳия ҳаҷми захираи маҳсулоти кишоварзиро зиёд намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд






