Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии «Офтобак»-ро ба истифода доданд

Октябрь 20, 2023 10:00

ДУШАНБЕ, 20.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии «Офтобак»-ро ба истифода доданд.

Кӯдакистон дар деҳаи Ҷаврези деҳоти Абдӣ Авазов бунёд гардида, барои 320 кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншоот 4-ошёна буда, дар он 19 нафар ба тарбиятгирандагон таълим медиҳанд.

Муасссисаи томактабӣ аз ҷониби ҶДММ «Комил 2010» сохта шуда, аз 24 ҳуҷраи машғулиятгузаронӣ, ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои баргузории маҳфилҳои гуногун, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ҳуҷраҳои алоҳидаи хобу истироҳати кӯдакон бо таҷҳизоти муосир, аз қабили рахти хоб ва дигар ашёи фароғатӣ таъмин мебошанд.

Бинои муассисаи томактабии «Офтобак» ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Дар саҳни бинои муассиса айвончаҳо барои ба истироҳату фароғат ва дигар машғулият фаро гирифтани кӯдакон ва майдончаҳои бозии бо таҷҳизоти нави дилхушӣ муҷаҳҳаз ташкил шудаанд.

Бинои навбунёд ба низоми гармидиҳӣ пайваст буда, гармии ҳуҷараҳои машғулиятгузаронию корӣ дар фасли зимистон тавассути он таъмин мешавад.

Дар ҳудуди боғча дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, роҳравҳои бинои мазкур бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш шуда, барои кӯдакон арғунчак ва дигар намуди бозичаҳо насб гардидаанд.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорон ду километр роҳи байни деҳот мумфарш шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нав мураббияҳоро ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакон ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи бинои Муассисаи хусусии томактабии “Офтобак” дар деҳоти Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ 20.10.2023

Октябрь 20, 2023 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад