СИНАМОҶАШНВОРАИ ЯКУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ «ТОҶИ СОМОН». Он бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» оғоз мегардад

Октябрь 14, 2023 09:08

ДУШАНБЕ, 14.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 15 октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик (16 октябр) Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» оғоз мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сармуҳаррири Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Назар Назаров хабар медиҳад.

Тавре сармуҳаррири муассиса иброз дошт, дар доираи синамоҷашнвораи байналмилалӣ баргузории чорабиниҳои зерин:  Рӯзҳои кинои Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, нишасти матбуотӣ, Форуми байналмилалӣ бахшида ба 120-солагии коргардон, ҳунарпеша ва асосгузори кинои тоҷик Комил Ёрматов таҳти унвони «Эҳёи синамо»   бо иштироки   синамогарон, киношиносон ва мутахассиони соҳа, Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Узбекистон дар Тоҷикистон, Намоиши аксҳо бахшида ба шаҳри Душанбе таҳти унвони «Шаҳри ман-хонаи ман», дарси «Устод ва шогирд» барои омӯзандагони Мактаби синамогарони ҷавон «Навомӯз» ба номи Муҳаббат Сатторӣ ва ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар назар аст.

Дар робита ба баргузории Синамоҷашнвораи байналмилалӣ бо назардошти таҷрибаи синамоҷашнвораҳои байналмилаливу минтақавӣ  дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Комиссияи интихоби филмҳо  таъсис ёфт, ки он дар муддати як моҳ филмҳои пешниҳодшуда аз давлатҳои Русия, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Маҷористон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Канада, Туркия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Беларус, Молдова, Фаронса ва Тоҷикистонро барои озмунҳои Синамоҷашнвора мавриди баррасӣ  қарор дод. Ҳамин тавр, аз байни 200 дархости пешниҳодшуда 77 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 18 филми ҳунарии пурра ва 8 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар  озмунҳои Синамоҷашнвора сазовор дониста шуданд. Барои баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибон ҳакамони байналмилалӣ даъват шудаанд.

Кори ҳакамони байналмилалии Синамоҷашнвора аз ду гурӯҳ: ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва ҳакамии озмуни филмҳои ҳунарии  кӯтоҳ  иборат буда,  бо қарори Кумитаи тадорукот  ҳайати ҳакамон бо шумули   муътабартарин филмсозон, мунаққидон, пажуҳишгарони фарҳанги  синамоӣ  ва намояндагони санъати синамо таъсис дода шуд.

Ба гурӯҳи ҳакамони филмҳои ҳунарии пурра 5 нафар ва ҳакамони  филмҳои ҳунарии кӯтоҳ 4 нафар  ҷалб гардиданд.

Бояд гуфт, ки ҷоизаҳои Синамоҷашнвора аз Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ,  Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон», Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона», Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», Ҷоизаи махсуси ҳакамон, Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ва  Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» иборат мебошанд.

Ҳамзамон барои инъикоси кори синамоҷашнвора рӯзноманигорону мухбирони дохилию хориҷӣ даъват мешаванд.

Маросими ифтитоҳи Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» 16 октябр, соати 18:00 дар  Театри  давлатии академии опера ва балети ба номи  Садриддин Айнӣ доир мегардад.

Рӯзҳои кинои давлатҳои хориҷӣ ва намоиши филмҳо дар кинотетрҳои «Наврӯз», «Кайҳон», «Парфенон», «Ватан»  ва «Зебуннисо» ба роҳ монда шуда, меҳмонони синамоҷашнвора ба тамошои мавзеъҳои таърихии Қалъаи Ҳисор, шаҳрҳои Норак,   Турсунзода,   Ваҳдат, дараи Ромиту Варзоб  мераванд.

Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон»  таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» минбаъд  дар ду сол як маротиба  ҳамчун рӯйдоди байналмилалии фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Барномаи синамоҷашнвора  озмуни филмҳои ҳунарии пурра ва озмуни филмҳои ҳунарии кӯтоҳ,    барномаи ғайриозмунии филмҳо ва намоиши филмҳои классикӣ (аз бойгонӣ)-ро низ фаро мегирад. 

Ёдовар мешавем, ки 19 октябр, соати 18:00 дар  Театри давлатии академии опера ва балети  ба номи  Садриддин Айнӣ маросими анҷоми Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон»  дар фазои тантанавӣ, бо супоридани ҷоизаҳо ба филмофарон ва барномаи фарҳангӣ  анҷом меёбад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Муассисаи давлатии  «Тоҷикфилм»

Октябрь 14, 2023 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» баргузор мешавад
Дар ёдгории таърихии замони Кушониён- Сайёд корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ оғоз ёфтанд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Филм дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон намоиш дода мешавад
Таҳти унвони «Аз ёдҳо фарёдҳо» китоби Садриддин Ҳасанзода нашр гардид
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Истаравшан ва ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор мешаванд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Фархор бо шаҳомати хос баргузор гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Нораку ноҳияи Ёвон бо намоиши молу маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ доир шуд
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад