Соли 2024 Форуми 10-уми ҷаҳонии об дар Бали баргузор мешавад

Октябрь 17, 2023 15:46

ДУШАНБЕ, 17.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Вохӯрии дуюми машваратии ҷонибҳои манфиатдори Форуми 10-уми ҷаҳонии об, ки дар Бали (Индонезия) баргузор шуд, мулоқоти Фиристодаи махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эътилофи пешвоёни об ва иқлим Султон Раҳимзода бо Вазири корҳои ҷамъиятӣ ва сохтмони манзили Индонезия Басуки Ҳадимулҷоно баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар котиботи Конфронси СММ оид ба захираҳои об  дар Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ташкилии Форуми 10-уми ҷаҳонии об, ки аз 18 то 24 майи соли 2024 дар Бали баргузор мегардад, мубодилаи афкор намуданд.

Султон Раҳимзода аҳамияти пешбурди натиҷаҳои Конфронси СММ оид ба захираҳои обро дар соли 2023 дар доираи чорабиниҳои омодагӣ ва худи форум иброз дошта, зарурати идомаи талошҳои муштаракро дар ин самт таъкид намуд.

Қадамҳои минбаъда оид ба татбиқи рӯзномаи об ва дигар тадбирҳои мушаххас муҳокима гардиданд, то масъалаҳои об пайваста дар маркази рӯзномаи сиёсии ҷаҳонӣ қарор гиранд.

Табодули афкор дар бораи ҳамкории Тоҷикистон ва Индонезия дар ҳошияи СОР 28 (Конфронси чаҳорчӯбаи СММ) дар Дубай доир шуд, то ин ки нақши об дар рӯзномаи иқлимӣ, аз ҷумла дар ҳуҷҷатҳои ҷамъбастии СОР 28 (Конфронси чаҳорчӯбаи СММ)  тақвият ёбад.

 Лайло ТОИРӢ,
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: котиботи тоҷикистонии Конфронси СММ оид ба захираҳои об

Октябрь 17, 2023 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд