«СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2040». Доир ба амалишавии он ҳамоиш доир шуд

Октябрь 3, 2023 18:17

ДУШАНБЕ, 03.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон оид ба амалисозии «Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, намояндагони якчанд вазорату идора ва кумитаҳо, шарикон оид ба рушд, роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва доираи васеи кормандони соҳа иштирок намуданд.

Таҳия ва қабул гардидани ҳуҷҷати стратегии мазкур дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷассуми фаъолияти созандаву инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ин стратегия бо назардошти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, таҷрибаи аз амалисозии барномаҳои қаблӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ андӯхта, таҳлили умумии вазъи кунунии соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутобиқ ба муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои амалишавии Ҳадафҳои Рушди Устувор таҳия гардида, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар 15 соли оянда муайян менамояд.

Амалисозии ҳадаф ва вазифаҳои дар Cтратегия дарҷгардида имрӯз на танҳо ба ваколатҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мансуб мебошанд, балки иҷрои саривақтӣ ва босамари онҳо ба дигар вазорату идораҳои давлатӣ, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илм, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату кумитаҳо, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ низ мансуб буда, ба ҳамкории байниидоравӣ зич алоқаманд мебошад.

Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаи шакли нахустини Нақшаи амали стратегия дар марҳилаи якуми амалишавии он  барои солҳои 2024-2026 таҳия гардида, зимни ҳамоиш барои баррасӣ ва такмилдиҳӣ ба иштирокчиён пешниҳод шуд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2023 18:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид