ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар Душанбе бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон-омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар ҳамоиш масъалаҳои муҳими тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ, вазъ ва дурнамо, аҳамияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар рушди устувори мамлакат, тарбияи ватандӯстӣ дар шароити рушди иҷтимоию иқтисодӣ, нақш ва мақоми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ватандӯстӣ дар низоми арзишҳои ҷавонони Тоҷикистон баррасӣ ва арёзбӣ шуданд.
Таъкид шуд, ки баргузории чунин ҳамоиш, ки ба мавзуи тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон бахшида шудааст, имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои умдаи муҳити ҷавонон дар шароити ҷаҳонишавӣ муҳокима шуда, мақсад ва ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон бо назардошти хусусияти шаклгирии равандҳои дохилидавлатию умумихалқӣ аз дидгоҳи назариявию амалӣ боз ҳам амиқ ва равшантар шаванд.
Ҳамзамон гуфта шуд, ки соли гузашта аз ҷониби Парлумони мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардид. Мақсади асосии он дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбия намудани эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Гуфта шуд, ки тарбияи шаҳрвандони мамлакат дар руҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Давлату Ҳукумат ва яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон мебошад.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардида буд, моро водор менамояд, ки барои ҳифзи Ватан ва арзишҳои миллиамон, ки барои ояндагон боқӣ мемонанд, саҳми босазо гузорем.
Ҳамзамон дар идомаи ҳамоиш ба масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ, гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ, пешгирии хурофотпарастӣ, таҳкими ваҳдат ва сулҳу субот дар ҷомеа диққати махсус дода шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд






