Тоҷикистон ва Маҷористон ёддошти тафоҳумеро, ки ба донишҷӯёни тоҷик имкони таҳсил дар ин давлати Аврупоро медиҳад, ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 23 октябр дар Люксембург дар ҳошияи Нишасти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва тиҷорати Маҷористон Петер Сийярто мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот перомуни масоили муҳими ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Маҷористон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, маориф, ҳифзи муҳити зист ва энергетика гуфтугӯ анҷом дода шуда, зарурати тақвияти заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ байни ду давлат таъкид гардид.
Дар фарҷоми мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ ҳамчунин Ёддошти тафоҳумро оид ба ҳамкорӣ дар доираи Барномаи бурсиявии Маҷористон барои солҳои 2023 – 2025 ба имзо расониданд. Ин санад барои мубодилаи донишҷӯён ва муҳассилини мактабҳои олӣ, инчунин таҳсили ройгони онҳо дар донишгоҳҳои Маҷористон шароит фароҳам меорад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






