Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон 9 варзишгар муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр дар шаҳри Одивелоси Португалия дар доираи «World Judo Tour» Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон оғоз ёфта, то 7 октябр идома меёбад. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 9 варзишгар, аз ҷумла Фазлиддин Садриддинзода дар вазни то 66 кг, Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг, Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг, Сайфидин Сайфидинзода дар вазни то 81 кг, Сомон Хисравов ва Умедҷон Раҷабов дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов дар вазни то 100 кг ва Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100 кг намояндагӣ менамоянд.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон иштироки 582 варзишгар аз 75 давлат дар назар аст.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






