«ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ АСОСИИ РУШДИ САЙЁҲӢ». Таҳти ин унвон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 28.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти уновни «Ваҳдати миллӣ -омили асосии рушди сайёҳӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ва олимону донишмандон иштирок намуданд.
Дар рафти чорабинӣ гуфта шуд, ки эҳёи арзишҳои миллӣ барои боз ҳам фарохтар намудани имкониятҳои рушди сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакат мусоидат менамояд. Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ омили муҳими муаррифии чеҳраи миллат ва фарҳанги он, пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва сатҳи зиндагии мардум ба ҳисоб меравад.
«Ҳар фарди бедордил ва ватандӯсту хештаншиносро мебояд барои боз ҳам зебову дилкаш гардидани Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода, барои ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ софдилона хизмат намояд», — тазаккур дода шуд дар ҳамоиш.
Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои охир бо амалӣ намудани барномаҳои зиёди давлатӣ, хусусан Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ то соли 2030 дар самти пешравии устувори сиёсати давлат дар соҳаи сайёҳӣ якчанд натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд, ки дар асоси он ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат ва саҳми соҳаи хизматрасонии сайёҳӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ тамоюли афзоиш касб намуд.
Дар идома иброз гардид, ки айни замон симои нави мусбати Тоҷикистон ҳамчун давлати барои сайёҳӣ мусоид фаъолона ташаккул меёбад ва дар Тоҷикистон тамоми имконият ва шароит барои ба мамлакати ҷолибтарини сайёҳии дунё табдил ёфтан фароҳам мебошад. Барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан сайёҳии табобатӣ, экологӣ ва кӯҳнавардӣ дар нуҳ моҳи аввали соли 2023 40 чорабинӣ дар дохили мамлакат ва 31 чорабинии сатҳи байналмилалӣ баргузор карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат дар ин давра намояндагони Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 12 намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии Эрон, Олмон, Русия, Британияи Кабир, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон ва Швейтсария фаъолона иштирок намуданд.
Кумитаи рушди сайёҳи дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2026 чораҳои зарурӣ амалӣ месозад.
Дар фарҷоми ҳамоиш гуфта шуд, ки аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз тамоми неру ва ваколатҳо ҷиҳати рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, тарғибу ташвиқи фарҳанги миллӣ, таъриху тамаддун ва иқтидори сайёҳӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти хосса тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон