«ЗАБОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТ». Ҳамоиши тантанавии шаҳри Душанбе ба Рӯзи забони давлатӣ бахшида шуд

Октябрь 5, 2023 08:37

ДУШАНБЕ, 05.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ таҳти унвони «Забон-пояи устувори давлат» ҳамоиш доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оила назари худро вобаста ба фазилату мероси пурғановати таъриху фарҳанги миллати тоҷик будани забони модарӣ, ки мақоми давлатӣ касб намудааст, иброз намуда, изҳор дошт, ки “забон хишти аввали кохи миллат, яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва нахустунсури тафаккури миллӣ буда, забони сулҳу дӯстӣ, меҳру муҳаббат ва садоқату бародарӣ мебошад”.

Маҳз, забони тоҷикӣ ба сифати рукни муҳими давлатдории миллӣ ваҳдату сарҷамъии миллати моро дар саросари мамлакат таъмин месозад.

Гуфта шуд, ки забони давлатӣ дар пойдорӣ ва сулҳу суботи миллӣ мақому нақши муҳим дошта, ҳастии миллат ва бунёду пояи давлат эълон гардидааст.

Таъкид шуд, ки имрӯз ҳам ин забон илҳомбахши фаъолияти ҳаррӯзаи мо буда, бунёдкориву созандагиҳои мардумамон бо ин забон таҷассум меёбанд ва ба оламиён муаррифӣ мешаванд. Аз ин рӯ, бузургдошти Рӯзи забон- ин арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллат аст.

Дар ҳамоиш намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маъруза намуда, таҳти таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доштани забони давлатиро изҳор доштанд.

Дар идомаи ҳамоиш ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2023 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад