«ЗАН-САРВАР». Беш аз 100 донишҷӯдухтари фаъоли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба машғулият ҷалб шуданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии даври омӯзишии «Зан-сарвар» оғоз гардид, ки дар он беш аз 100 донишҷӯдухтари фаъоли донишгоҳ иштирок менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар машғулият муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардорони бахши кор бо духтарон ва занони факултетҳо ва донишҷӯдухтарони фаъоли факултетҳои донишгоҳ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории даври омӯзишии такмили ихтисос, пеш аз ҳама, амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар самти кор бо занон ва оила, омода намудани ҷавондухтарон ба зинаҳои роҳбарӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид барои ташаккули донишу касб ва маҳорату малака, тақвияти ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди занону духтарони хизматчии давлатӣ ва пешбурди ғояҳои мухталифи инсондӯстию ватанпарастӣ, ҳифзу эҳтироми арзишҳои миллӣ, инчунин талқини баробарии гендерӣ ва мубодилаи таҷриба дар ин соҳа мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки ҷалби ҳарчи бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин беҳтар намудани шароити фаъолияти онҳо аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусияти фарҳангиву суннатӣ шаклҳои муайяни беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро ба миён гузоштааст.


Гуфта шуд, ки бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи занону духтарон дар мамлакат якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо амалӣ мегарданд, ки дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид менамоянд.
Имрӯз занон дар баробари мардон ҳамчун кормандони муваффақ дар соҳаҳои дахлдори давлатию ҷамъиятӣ эътироф мешаванд. Онҳо нисбат ба мардон дар соҳаҳои муҳиме, чун тиб, маориф, кори иҷтимоӣ, бонк, фарҳанг, соҳаи хизматрасонӣ ва маълумот, инчунин нигоҳубини фарзандон ва пиронсолон бартарӣ доранд.
Сарварии занон яке аз масъалаҳое мебошад, ки дар ҳама давру замон аҳамияти хос дошта, диққати муҳаққиқону коршиносонро ҷалб намуда, ҳамчун ниҳоди иҷтимоию сиёсӣ дар таҳким ва рушди равандҳои ҷомеа мақом ва нақши махсус дорад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд






