«ЗАН, СУЛҲ ВА АМНИЯТ». Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон дар Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд

Октябрь 19, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 19.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар шаҳри  Алматои  Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи Муколамаи занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Зан, сулҳ ва амният» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирузахон Нуруллозода ва кормандони Кумита  иштирок намуданд.

Тавре Фирузахон Нуруллозода дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, конфронс  ба баррасии мавзуъҳои хеле муҳимми замони имрӯза бахшида шуда буд. Мояи хушнудӣ аст, ки солҳои охир баргузор намудани чунин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор ба таҳия ва пешбурди ҳалли сиёсати гендерӣ, фаъолона  пеш рафтани роҳбарии занон ҳам дар сатҳи миллӣ, ҳам минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Таъсиси чунин платформаи мубоҳисавӣ, ба мисли Конфронси байналмилалии «Зан, сулҳ ва амният» давлатҳои Осиёи Марказиро барои пешбурди сиёсати гендерӣ дар давлатҳои худ, ҷалби фаъолонаи занон дар ҳалли мушкилот дар дохили  мамлакат равона намуда, ба  ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба татбиқи сиёсати гендерӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, ки  ин ба таъмини ҳуқуқу имконияти баробари мардону занон нигаронида шуда буд. Ҷанбаҳои гендерӣ инчунин дар таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии дарозмуддат ва миёнамуҳлат оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои миёнамуҳлати рушди мамлакат инъикос гардиданд.

Дар баробари ин бо мақсади минбаъд таъмин намудани иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакат, рушд ва дастгирии соҳибкории занон, баланд бардоштани нақш ва аҳамияти занон дар оила ва ҷомеа солҳои охир дар мамлакат якчанд ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ қабул гардида, амалӣ мешаванд.

Аз ҷумла, Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби духтарону занони болаёқат барои солҳои 2023-2030», Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллии баланд бардоштани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 амалӣ мешаванд. Якчанд  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳибкории хурду миёнаи занон, ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва ташкили ҷойҳои нави корӣ аз ин ҷумла мебошад. Иқтидори механизми асосии дастурии беҳбуди вазъи занон пурзӯр гардида, ҳамоҳангсозии амалҳо оид ба татбиқи сиёсати гендерӣ пурзӯр гардид.

Дар натиҷаи интихоботи парлумонии соли 2020 намояндагии занон дар Маҷлиси намояндагон аз 19 то 24 фоиз ва дар Маҷлиси миллӣ аз 19 ба 26 фоиз афзоиш ёфт. Шумораи занон дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 41,5 фоиз, дар вилояти Хатлон ҳудуди 35 фоиз, дар вилояти Суғд беш аз 33 фоиз, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 34 фоиз, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қариб 30 фоизро ташкил медиҳад. Бо чунин суръати афзоиш интизор меравад, ки то соли 2030 баробарии гендерӣ дар парлумони Тоҷикистон таъмин шавад.

Дар Тоҷикистон аз соли 2017 Иттиҳодияи занони парлумонӣ таъсис дода шудааст, ки ба он 13 нафар занони дар парлумон фаъолияткунанда, аз ҷумла муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шомил  мебошанд.

Дар айни замон дар шароити босуръат тағйирёбандаи ҷаҳон хатару чолишҳои нави марбут ба терроризму ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва падидаҳои табиии обуҳавошиносӣ ба миён омадаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди дипломатия, ҳамкорӣ, ҳифзи сулҳу амният, эътимод ва муқовимат ба чолишу таҳдидҳои муосир қадами бузург гузоштааст.

Занони тоҷик дар раванди бунёди сулҳ дар мамлакат ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ фаъолона иштирок менамоянд. Соли 2005 занони тоҷик Биҳоҷал Раҳимова ва Вилоят Мирзоева дар баробари 1000 зани ҷаҳон дар чаҳорчӯби ташаббуси «1000 зан барои Ҷоизаи сулҳи Нобел» пешбарӣ шуда буданд.

Соли 2012 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занони фаъоли сулҳпарвар, ки дар ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии баъдиҷангӣ пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд, Корпуси занонаи сулҳ (КЗС) таъсис дода шуд.

Дар Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ, ошкор ва рафъи зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм тадбирҳои мунтазам ва ҳамаҷониба андешида мешаванд. Дар малакат заминаи қонунгузорӣ ва механизмҳои танзимкунандае фароҳам оварда шудааст, ки ҳадаф, вазифа ва самтҳои асосии сиёсати давлатии  Ҷумҳури Тоҷикистонро муайян менамоянд. Ҳукумати мамлакат ҳамеша ҳуқуқу озодиҳои занон ва духтаронро дар тамоми самтҳо дастгирӣ менамояд.

Дар айни замон дар назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои таҳияи Нақшаи миллии амалҳои Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028   оид ба иҷрои Қатъномаи Шурои  Амнияти Созмони Милали Муттаҳид доир ба занон, сулҳ ва амният гурӯҳи кории байниидоравӣ ташкил шудааст. Он таъмини чораҳои гендерӣ, баробарҳуқуқӣ ва имконияти занон ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон, таъмини ҳуқуқи занон дар муноқишаҳои ҳарбӣ, ҷалби фаъолонаи занон дар ҳалли низоъҳо ва гузаронидани чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади паст намудани гаравидани занон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистиро дар назар дорад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 19, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷарроҳии мураккаби мағзи сар гузаронида шуд
Дурнамои рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо намояндагони Ассотсиатсияи кумак ва ёрии Ҷопон баррасӣ гардид
Ҳайати ҳокимияти судии Тоҷикистон дар Женева дар форуми байналмилалӣ иштирок намуд
«СОЛИМИИ ЗАН — СОЛИМИИ МИЛЛАТ». Дар шаҳри Гулистон беш аз 200 нафар занон бо муоинаи ройгон фаро гирифта шуданд
Дар Душанбе оид ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар самти коҳиши хавфи офатҳо вохӯрӣ доир шуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо Институти осиёии дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Непал Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Конфронси минтақавии сатҳи баланд вобаста ба пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон иштирок намуд
Густариши ҳамкорӣ дар самти татбиқи системаҳои рақамӣ дар раванди таълим бо намояндагони Бунёди аврупоии маориф баррасӣ шуд
Дар муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарии Тоҷикистон шакли намунавӣ амалӣ мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ. Фаъолияти Раҳима Салимова дар деҳа намунаи ибрат аст
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Барои пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ шаҳрвандон низ бояд масъулиятшинос бошанд.