35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 590 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад

Ноябрь 2, 2023 15:43

ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 590 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти  матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

То имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд 316 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки зиёда аз 50 фисади нақшаро дар бар мегирад.

Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони зиёда аз 125 иншооти таъйиноташон гуногун бомаром идома дошта, рӯзҳои наздик беш аз 10 адади он мавриди истифода қарор мегирад.  Ҳамзамон соли равон бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 33 бинои истиқоматӣ сохта мешавад.

АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Ноябрь 2, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид