35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд 590 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 02.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 590 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
То имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд 316 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки зиёда аз 50 фисади нақшаро дар бар мегирад.
Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони зиёда аз 125 иншооти таъйиноташон гуногун бомаром идома дошта, рӯзҳои наздик беш аз 10 адади он мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамзамон соли равон бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 33 бинои истиқоматӣ сохта мешавад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд








Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд






