Дар 10 моҳ дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 58 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шуданд

Ноябрь 13, 2023 13:04

ТУРСУНЗОДА, 13.11.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  якуним километр роҳи деҳаи Аҳоруни Ҷамоати деҳоти Қаратоғ мумфарш гардид. Ин роҳ, ки ба талаботи роҳдорӣ ҷавобгӯ набуд, бо ёрдами  мутахассисон ва техникаҳои  Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода  мумфарш шуд.

Тавре масъулини Ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд, соли 2023 роҳҳои маҳаллии деҳаҳои Ҷовидон ва Меҳробод низ мумфарш  гардиданд.

Сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунзода  Амиралӣ Носиров  иброз дошт, ки  дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр ҳамагӣ 282,2 км  роҳҳои автомобилгард мавҷуд мебошанд, ки  аз ин 21,6 км-ро роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ,  5,9 км-ро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 254,7 километрро роҳҳои дорои аҳамияти  маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Давоми 10 моҳи соли равон ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва  бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолону  аҳолӣ  зиёда аз 58 км роҳҳои байни деҳаҳо мумфарш шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  36 км зиёд мебошад. Инчунин роҳҳои деҳаҳои Савлӣ, Қипчоқ, Кадучӣ, Ширкенти деҳоти Работ ва деҳаи Ҳақиқати деҳоти ба номи Т.Тӯйчиев бетонпӯш гардиданд.  Дар ин давра 193 км роҳҳои шаҳри Турсунзода аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба давраи гузаронидани зимистон омода шудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Ноябрь 13, 2023 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи човодорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд
Кӯлоб «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара «Ноҳияи беҳтарин»-и соли 2025 дар вилояти Хатлон муайян гардиданд
Ёвон дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардид
Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор қариб 70 км роҳ мумфарш карда шуд
Дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бинои Маркази ҷавонон сохта мешавад
Дар Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ корҳои ободонию созандагӣ вусъат меёбанд
АМАЛИ САВОБ. Сокини 80-солаи ноҳияи Тоҷикобод 50 ҳазор сомонияшро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуд
Дар ноҳияи Айнӣ барои обёрии беш аз 200 гектар бунёди ду ҳавзи амудии об оғоз ёфт
АМАЛИ САВОБ. Сокини ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш дар болои дарёи Сорбоғ пули мошингузар бунёд намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сохтмони Маҷмааи муосири варзишии «Суғд-Арена» вусъати тоза гирифтааст