Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуд

Ноябрь 11, 2023 09:56

ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Париж Ҳамоиши навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони баландпояи кишварҳо, роҳбарони ниҳодҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иштирокдорони ҳамоиш перомуни масъалаҳои мубрами рӯз, андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша намуданд.

Кори Форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 4 бахши мавзуи сулҳ ва амният, аз ҷумла ҳифзи сайёра ва сокинони он, таъмини эътимод ва амният дар ҷаҳони рақамӣ, ҳалли мушкилоти марбут ба нобаробарӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди стратегӣ (SDGs) ва таъмини сулҳу бунёди ҷаҳони амнро дар бар гирифта, ба ин мақсад 49 лоиҳаи омодашударо ба нақша гирифт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 11, 2023 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд