Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад

Ноябрь 7, 2023 17:49

ДУШАНБЕ, 07.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM, ки аз 6 то 8 ноябр дар шаҳри Лондони Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ баргузор мешавад, иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Ба ҳайат Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкатҳои хизматрасони самти сайёҳӣ, намояндагони васоити ахбори омма, роҳбарони корхонаҳои истеҳсоли армуғонҳо, роҳбарон ва омӯзгорони донишгоҳҳои ватанӣ, ки мутахассисони соҳаи сайёҳиро омода менамоянд, шомил мебошанд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ ҳайати эҷодии шабакаи телевизионии «BBC World News» дар бораи маводи видеоӣ, ки аз ҷониби ин шабакаи бонуфузи ҷаҳонӣ оид ба иқтидори сайёҳӣ ва тарғибу ташвиқи зарфиятҳои соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст, ба ҳозирин тариқи рӯнамо маълумот пешниҳод намуда, онро барои истифода ба таври расмӣ ба намояндагони Тоҷикистон тақдим намуд.

Қобили тазаккур аст, ки ин маводи видеоӣ ҳамчун реклама оид ба иқтидори сайёҳии мамлакат тавассути шабакаи телевизионии «BBC World News» пахш мегардад ва дар ояндаи наздик тариқи шабакаи телевизионии «Euronews» низ пахш хоҳад шуд.

Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барои тавсеаи ҳамкории мустақим бо дигар ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ ёддоштҳои тафоҳум ба имзо мерасонанд.

Бояд гуфт, ки бо дастгирии ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат дар намоишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) аз соли 2008 инҷониб дар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда,  захираҳои сайёҳии ҷумҳуриро дар арсаи байналмилалӣ таблиғ менамоянд.


АКС: Кумитаи рушди сайёҳӣ

Ноябрь 7, 2023 17:49

Хабарҳои дигари ин бахш

САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид