Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо муассисаҳои Ҳиндустон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 24.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 23 ноябр масъалаҳои ҳамкории минбаъда, табодули таҷриба, омӯзиши забонҳо ва ба имзо расонидани созишномаҳо байни донишгоҳ ва муассисаҳои олии Ҷумҳурии Ҳиндустон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.
Зимни мулоқоти ректор Жило Гулназарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх вобаста ба мавзуъҳои ироашуда пешниҳодоти судманд манзур шуданд.
Ректор изҳор дошт, ки барои таҳсилу забономӯзии донишҷӯён дар донишгоҳ шароити зарурӣ муҳайё буда, ба онҳо омӯзгорони соҳибзабон ва мутахассисони варзидаи забони ҳиндӣ таълим медиҳанд.
Сафир Вираҷ Сингх аз пазироии самимонаи тоҷикона изҳори хушнудӣ намуда, пешниҳодоти судманду муҳими роҳбарияти муассисаро ҷиҳати омӯзиши забону фарҳанги ду давлати ба ҳам дӯст –Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҷонибдорӣ ва иброз намуд, ки ба татбиқ гардидани онҳо мусоидат менамояд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






