Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Русия дар равобити байналмилалӣ нақши бориз дорад

Ноябрь 27, 2023 15:47

ДУШАНБЕ, 27.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 16 то 18 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми фарҳангҳои муттаҳид баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иштирок намуда, бо ҳамтои худ- Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова  Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2024-2026-ро ба имзо расониданд. Дар робита ба имзои ин барнома  имрӯз дар Вазорати  фарҳанги ҷумҳурӣ бо кормандони соҳаи фарҳанг вохӯрӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин вазорат хабар медиҳад.

Санади баимзорасида таҳияи барномаҳои консертӣ, сафарҳои ҳунарӣ, боздиди осорхонаҳо, ҳунарҳои мардумӣ, таълим ва ҳамкории байни донишгоҳҳо, бахши китобхона ва ҳифзи мероси фарҳангиро дар бар мегирад. Он метавонад барои боз ҳам вусъат бахшидани муносибатҳои муштарак ва равобити фарҳангӣ заминаи хубу мусоид фароҳам оварад.

Вазири фарҳанги Тоҷикистон аз иштирок дар Форуми фарҳангҳои муттаҳид изҳори қаноатмандӣ намуда, баргузории чунин ҳамоиши бузургро оғози имконияти ҷадид ва марҳилаи нав барои густаришу пешбурди бахшҳои мухталифи фарҳангии мамлакат ва таҳкими равобити дӯстонаи байни давлатҳо номид.

Имрӯз фарҳанг ва андешаи фарҳангӣ дар афкори умуми аксари давлатҳои ҷаҳон инъикос ёфта, Гуфтугӯи фарҳангӣ ё фарҳанги дипломатия ва нақши дӯстӣ («Cultural Diplomacy and the Role of Friendship»)  аллакай ҷойгоҳи воқеии худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намудааст.

Бинобар ин моро зарур аст, ки бо истифода аз соҳибистиқлолӣ ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории фарҳангиро, ки сабаби таҳкими равобити байни давлатҳо ва тақвияти пайвандҳои минтақавию ҷаҳонӣ мегардад, вусъат бахшем.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2023 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд