БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 06.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун бояд мавриди истифода қарор дода шаванд. То имрӯз чандин иншоот бо фарогирии ҷои кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд, ки аз марказҳои савдову хизматрасонӣ, биноҳои маорифу тандурустӣ иборат мебошанд.
Дар ноҳия ҷиҳати таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти мамлакат нақшаи мукаммал тарҳрезӣ гардида, то имрӯз 31 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтаанд. Яке аз ин гуна иншоот бинои Маркази ҷавонон аст.
Ёдовар мешавем, ки 21 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Муъминободи ноҳияи Муъминобод бинои хуштарҳу замонавии Маркази ҷавононро мавриди истифода қарор доданд.
Ин иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии мамлакат бунёд гардида, бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иншоот аз ду ошёна иборат буда, фармоишгар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муҳайё” мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2700 метри мураббаъро ташкил дода, бино бо назардошти иншооти ёрирасон дар масоҳати 250 метри мураббаъ доман густурдааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар Марказ бо назардошти баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҷавонон ва ба омӯзиши забонҳои хориҷию технологияи компютерӣ ҷалб намудани онҳо имконияти мусоид фароҳам гардида, синфхонаҳои алоҳида бо техникаю технологияи насли нав ҷиҳозонида шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо иншоот ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, масъулинро ба фаъолияти пурсамар ва хизмати софдилонаю содиқона ба Ватан ҳидоят намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин амалӣ намудани омӯзиши забонҳои хориҷиро дар Марказ иқдоми зарурӣ шуморида, ба ҷавонон таъкид намуданд, ки аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат васеъ истифода намуда, дар оянда ҳамчун мутахассисони варзида дар пешбурд ва рушди соҳаҳо ҳисса гузоранд. Зеро Тоҷикистон ҷавон аст ва ба ҷавонони донишманду лаёқатманд ва дорои ахлоқи ҳамидаю маърифати баланд эҳтиёҷ дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






