БАХШИДА БА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат 215 иншооти гуногун ба истифода дода шуд

Ноябрь 5, 2023 16:00

ВАҲДАТ, 05.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат  барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 808  иншооти таъйиноти гуногунро ба нақша гирифтааст, ки  инҳо 92 корхонаи саноатӣ, 119 синфхонаи иловагию муассисаҳои таълимӣ ва 419 маркази хизматрасонӣ мебошанд. Дар ин хусус котиби комиссияи иншооти ҷашнӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Ваҳдат  Хусрав Абдуллозода ба хабарнигори АМИТ  «Ховар» Субҳонидини Маҳмуд иттилоъ дод.

Хусрав Абдуллозода  гуфт, ки то имрӯз аз ин шумора 215 иншоот, аз ҷумла 12 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, 18 иншооти соҳаи тандурустӣ, 29 иншооти соҳаи маориф, 2 иншооти варзишӣ, 70 иншооти хизматрасонӣ, 30 иншооти савдо ва хӯроки умумӣ, 22 роҳу пул, 9 бинои истиқоматии баландошёна ва дигар намуди иншооти дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Мувофиқи нақшаи генералии маркази шаҳри Ваҳдат, барои бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ зиёда аз 60 қарори раиси шаҳр ба тасвиб расидааст. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 20 иншооти баландошёна оғоз гардида, муташаккилона идома доранд.

Сармеъмори шаҳри Ваҳдат Вайсиддин Давлатзода иброз дошт, ки иншооти ҷашнӣ мувофиқи қоидаҳои меъморӣ ва бо сифати баланд сохта мешаванд. Комиссияи доимӣ ҷараёни ин сохтмонҳоро мунтазам назорат менамояд.

Сокинони шаҳри Ваҳдат бо ҳисси  баланди ватандӯстӣ баҳри ободу  зебо гардонидани шаҳр саъю талош  намуда, кӯшиш доранд, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  иншооти боқимондаи ҷашнӣ,  аз қабили навсозии пулу роҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои  истеҳсолӣ, синфхонаҳои иловагию муассисаҳои таълимӣ  ва  марказҳои хизматрасониро  бунёд намуда, ба  истифода диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 5, 2023 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»