Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толори маҷлиси судӣ ба истифода дода шуд

Ноябрь 2, 2023 13:10

ДУШАНБЕ, 02.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 29-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон толори маҷлиси судии таълимӣ ифтитоҳ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллӣ.

Тазаккур дода шуд, ки толор дар заминаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва таҳкими робитаи илм бо амал навсозӣ шуд.

Ин толор бо тамоми маводи зарурии таълимӣ, аёният, доскаи электронӣ, шиору овезаҳои дахлдор, шабакаи интернет, маводи ҷамъбастии амалия ва омори судӣ, қарорҳои пленум, нашрия ва дигар санаду қарорҳои дахлдори Суди Олӣ таъмин мебошад. Таъсиси он дар шароити кунунӣ амри зарурӣ буда, ҷиҳати сайқал додани маҳорат, санъати суханварӣ, дониш ва малакаи касбии донишҷӯён мусоидат менамояд.

Ректори донишгоҳ иттилоъ дод, ки дар факултети ҳуқуқшиносӣ тамоми шароити арзанда ҷиҳати аз худ намудани тамоми нозукиҳои касби ҳуқуқшиносӣ фароҳам оварда шудаанд. Ифтитоҳи толор  қадами ҷиддӣ дар роҳи боз ҳам ғанӣ гардонидани донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии донишҷӯён мебошад.

Толор имкон медиҳад, ки донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои устодони муътабару соҳибтаҷриба мурофиаҳои судии таълимиро оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои ҳуқуқӣ дар доираи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ баргузор намуда, дар ин мурофиаҳо ба ҳайси судя, прокурор ва ҳимоятгару адвокатҳои оянда нақшҳои муайянро анҷом диҳанд. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби як гурӯҳ донишҷӯёни соли чоруми шуъбаи рӯзонаи факултет ба аҳли нишаст мурофиаи судии таълимӣ, ки ба баррасии баҳси оилавӣ бахшида шуда буд, пешниҳод гардид.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 2, 2023 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд