БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ҳамоиши илмӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 23.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон!» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ оид ба таърихи парчамдории халқи тоҷик, ки аз давраи қадим соҳиби давлату парчам буд, сухан гуфт.
Иброз гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат бо заҳмату кӯшишҳои хастагинопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами нави давлатӣ қабул шуд.
Иштирокчиёни ҳамоиш аз ашъори шоирони муосири Бадахшон- устод Ширин Бунёд ва Хушомади Алидод шеърҳо бахшида ба Парчам қироат намуданд.
Инчунин дар мавзуъҳои «Парчам- рамзи соҳибистиқлолӣ» ва «Парчами давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза пешниҳод гардид.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев








Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






